Теннисбозони тоҷик, духтарони бомаҳорат  Ёсуман Салимова ва Диана Иванихина дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Малайзия сазовори медал гардиданд.

Дар ин мусобиқа Ёсуман Салимова миёни иштирокчиёни то 10-сола ба финал роҳ ёфт, вале аз теннисбози мизбон мағлуб шуда, соҳиби медали нуқра шуд.

Диана Иванихина миёни иштирокчиёни то 15-сола медали биринҷӣ ба даст овард. Ӯ дар даври нимфинал аз теннисбози Чин мағлуб шуд.

Айни замон дастаи мунтахаби ҷавонони теннисбози Тоҷикистон бо роҳбарии сармураббӣ Абдурасул Муҳиддинов дар Малайзия қарор дорад. Даста ба ҷамъомадҳои машқию таълимӣ машғул шуда, дар чанд мусобиқаи байналмилалӣ иштирок мекунад. Ширкат дар ин мусобиқаҳо баарзишгарони мо имтиёз меорад ва исмашон вориди рейтинги ҷаҳонӣ, ки солҳо боз номи варзишгарони тоҷик дар он нест, ворид мешавад.

Дастаи мунтахаби  Тоҷикистон  дар ҳайати Аҳмад Алмовов, Ёсуман Салимова, Диана Иванихина, Хушбахт Каримов, Исамҷон Шарифов ва Аминҷон Абдуллоев 29-30 ноябр дар мусобиқаи дигари байналмилалӣ дар Малайзия ширкат мекунад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here