Дар бинои Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Дар нишасти матбуотӣ ректори Донишкада Асрорзода Убайдулло зикр намуд, ки 7 нафар донишҷӯёни ятими кулл пурра аз ҳисоби маблағҳои махсуси донишкада бо сарулибос ва хўроки гарм таъмин мебошанд.

Тибқи иттилои манбаъ, дар Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат зиёда аз 97 фоизи шумораи умумии донишҷуён дар гуруҳҳои шартномавӣ таҳсил менамоянд. Бо қарори Шӯрои донишкада ва бо розигии Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон нафароне, ки дар гуруҳҳои шартномавӣ таҳсил менамоянд ва 75 фоиз бо баҳои хубу аъло таҳсил мекунанд, пурра аз пардохти маблағ озод карда мешаванд. Раёсати Донишкада низомномаи худро ташкил намудааст. Донишҷуёне, ки дар гуруҳҳои шартномавӣ бо баҳои хубу аъло таҳсил мекунанд, бо стипендияи Ректори Донишкада таъмин хоҳанд шуд, ки аз ҳисоби маблағҳои махсус ташкил карда шудааст. Стипендияи Ректори Донишкада 300 сомониро ташкил медиҳад.

Литсейи Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат соли 2020-ро дар шароити хуби таҳсил оғоз намуд. Дар литсейи Донишкада барои таҳсили хонандагон тамоми шароитҳо муҳайё карда шудааст. Соли 2020 дар литсей 629 нафар хонанда таҳсил намудаанд, ки 204 нафари онҳоро духтарон ташкил медоданд. Дар умум, дар соли ҳисоботӣ дар литсей 30 синф фаъолият намуда, аз ин 13 синф таълимашон бо забони русӣ ба роҳ монда шудааст. Соли 2020 хонандагони литсей дар озмуни сатҳи ноҳиявӣ, шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ иштироки фаъол намуда, соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гардидаанд. Дар литсейи донишкада 2 нафар хонандагони синфи 11 гирандаи Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 1 нафар гирандаи Стипендияи Раиси шаҳри Душанбе мебошанд. Бо қарори Шўрои олимони Донишкада гирандагони Стипендияи Президентӣ 100% аз пардохти маблағи шартномаи таҳсил озоданд ва ба гирандагони Стипендияи Раиси шаҳри Душанбе 50% имтиёз муқаррар карда шудааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here