Бо сабаби дунёгир шудани коронавирус раванди бақайдгирии довталабон низ тағйир ёфт. Имсол марҳилаи иловагии бақайдгирии ММТ то 30 июн тӯл мекашад. Чанд тан аз довталабон дар сӯҳбат бо faraj.tj аз дигаргуниҳои ногаҳонӣ дар ин системаи ягона дар кишвар гуфтанд.

— Як моҳ пеш ба охир расидани дарсҳои мактабӣ аламовар аст. Ман китобчаҳои тестие, ки  ҳар сол чоп мешаванд, гирифта мемондам. Ҳозир онҳоро мехонам, мисолу масъалаҳои онҳо аз ҳамдигар, ки бо соли барориш фарқ мекунанд, тафовути казоӣ надорад. Як-як бо муаллимон низ занг зада, ҷойи нафаҳмидаамро пурсон мешавам. Бо боварӣ мегӯям, ки коронавирус ба тайёршавии ман таъсири манфӣ нагузошт, — гуфт Дилноза Худойдодова, хатмкунандаи муассисаи №33 ноҳияи Бобоҷон Ғафуров.

— Коронавирус сабаб шуд, ки  саросема нашавем. Акнун ба тайëршавии мо вақт зиёд аст. Пештар дар мактаб бо муаллимон, ҳамсинфон аз маводи ёрирасон кор фармуда, машварат мегузарондем. Як моҳ пештар ба таътил баромадан шастамонро камтар кушт. Ҳоҳир худам мустақилона дар хона омода мешавам. Аз китобҳое, ки устодон барои тайëрӣ бароямон дода будан истифода мебарам, агар ягон суол пайдо шавад, ба онҳо занг зада мепурсам, ë аз интернет меëбам, — гуфт  хатмкунандаи муасиссаи 49 бо номи Полвон Бурҳонови шаҳри Панҷакент Ободшоҳ Ҷӯрабойзода.

— Ман фикр мекунам, ки коронавирус барои мо довталабон имкони дигар дод. Дар  вақти дарс ҳама мисолу масъалаҳои тестиро бо устодон ҳал карда будем. Шояд ба тайёрӣ дидани ягон ҳамсолам таъсири манфии коронавирус расида бошад.  Ба мо ин хуб аст, чунки бемалол тайёр мешавем. Дар вақти дарс бапуррагӣ тайёр шуда наметавонистем, чунки бояд ба гайр аз 4 фанни имтиҳонии ММТ,  боз аз фанҳои дарсӣ дар мактаба имтиҳон супоридан лозим буд, — иброз дошт Саҳоба Ҷӯраева, хатмкунандаи литсейи 5-и шаҳри Исфара.

Тавре ММТ низ хабар дода буд, имсол ҳарду қисмати имтиҳонот дар як рӯз гузаронида мешававад. Натиҷаи имтиҳонот ҳам барвақттар ба довталабон хабар дода хоҳад шуд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here