Ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявии “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” нисбати қарори раиси ноҳияи Спитамени вилояти Суғд норозигӣ баён карда, бо ирсоли як нома аз прокуратураи ин ноҳия хостааст, то ба қарори мазкур баҳои ҳуқуқӣ диҳад.

Ба иттилои “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” пас аз таҳлили Қарори раиси ноҳияи Спитамен, “Оид ба даъвати шаҳрвандони соли таваллудашон 1990-1999 ба хизмати ҳарбӣ дар моҳҳои октябр ноябри соли 2017” ба чунин хулоса омадаанд, ки қарор аз ҷиҳати ҳуқуқӣ дар якчанд нуктаҳо баҳсбарангез аст.

Дар қарори мазкур, ки таҳти рақами 742 аз санаи 22 сентябри соли 2017 ба тавсиб расидааст, дар банди 3 чунин омадааст: “Комиссариати ҳарбии ноҳия вазифадор карда шавад, ки руйхати даъватшавандагони аз хизмати ҳарбӣ саркашикардаро тартиб дода, барои кофтков ва ба комиссияи даъватии ноҳия ҳозир намудани онҳо ба ШВКД ҶТ дар ноҳия ва дар мавриди зарурӣ барои андешидани чораҳо руйхатро барои чораандешӣ ба прокуратураи ноҳия пешниҳод намояд”.

Инчунин  Ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявии “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” мегӯяд:

Дар матни оянда банди 6 омададаст: “Мутобиқи моддаи 3 ва 25-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Спитамен вазифадор карда шавад:

— Ба комиссияи даъватии ноҳиявӣ барои гузаронидани даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ ёрии амалӣ расонида, нисбати шахсоне, ки аз даъват ба хизмати ҳарбӣ саркашӣ мекунанд, мувофиқи дархости хаттии комиссари ҳарбии ноҳия шахсони аз хизмати ҳарбӣ бе сабаб саркашӣ намударо барои гузаштани комиссияи тиббӣ ва даъват ба нуқтаҳои даъватӣ таъмин намояд.

Ин талабот бархилофи моддаҳои 3 ва 25 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ӯҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” аст, зеро, тибқи муқаррароти ин модда, қонун ба ягон мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва ҳифзи ҳуқуқ ваколати ҳозир кардани даъватшавандаҳои аз хизмати ҳарби саркашикардаро надодаст.

Мувофиқи моддаи 27 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” даъватномаро ба шаҳрвандон кормандони комиссариати ҳарбӣ  ва дигар шахсони вобаста бояд супоранд.

Қонунгузорӣ овардан ва дастгир кардани даъватшавандаро танҳо дар он ҳолат пешбинӣ менамояд, ки агар ва тибқи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои он мутаносибан ҷавобгарии маъмурӣ ва ё ҷиноятиро пешбинӣ карда бошад, мегӯяд ташкилоти мазкур.

Инчунин дар Қарори номбурдаи раиси ноҳияи Спитамен омадааст:

“Якҷоя бо комиссаритаи ҳарбӣ дар давраи даъват ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешгирии беасос тарк намудани ҳудуди зист шаҳрвандони соли таваллудашон 1990-1999 ва ҷавонони синну соли даъватӣ чораҳои зарурӣ андешад”.

Ҷоизи қайд аст, ки бандҳои номбурдаи Қарор ба вайроншавии ҳуқуқ ва озодии инсон, аз ҷумла ба вайрон шудани ҳуқуқ ба дахлнопазирии шахсӣ, ки дар асоси он ҳеҷ кас бе асоси қонунӣ дастгир карда намешавад ва ба ҳуқуқ ба дахлнопазирии манзил оварда расониданаш мумкин аст. 

Бандҳои Қарор ба  Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ”, ба сиёсати давлат ва фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомали Раҳмон, ки истифодаи усулҳои ғайриқонунии даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбиро манъ кардаанд, мухолифат мекунад.

Дар хотимаи муроҷиати худ ТҶ “ДОШ” аз прокуратура хостааст, ки ба Қарори номбурда  баҳои ҳуқуқӣ дода шуда, чораи зарурии ҳуқуқӣ андешида шавад.

Хуршед Фозилов

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here