Табибони ҷопонӣ муқаррар карданд, ки доруи нелфинавир афзоиши коронавирусро муҳосира мекунад. Натиҷаи тадқиқот дар портали  “bioRxiv” нашр шудааст,  хабар дод субҳи имрӯз ОИР “Новости”.

Нелфинавир бар зидди вирус буда, барои сироятнопазирии масуният мувофиқ аст. Дар табобати ВИЧ ин доруворӣ дар баробари дигар васоити дорувории зиддивирусӣ  истифода мешавад.

Зимни тадқиқот таъсири 9 доруро ба ҳуҷайраҳои коронавирус омӯхтанд, ки мутобиқтарини он барои коҳишёбии барангезандаи COVID-19 нелфинавир будааст.

Олимони тиб мегӯянд, ки  дорувории санҷидашуда то ҳол ихтироъ нашудааст, аз ин лиҳоз, зарур аст, ки таъсирнокии доруҳои зиддивирусиро ҳарчӣ зудтар озмоянд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here