Ҳафтаи ҷорӣ  тадқиқотгарони ИМА иттилоъ доданд, ки ремдесивир ном дору, ки бар зидди табларзаи Эбола истифода мешуд, зимни санҷиш ҳолати 70 фисади сироятёфтагони коронавирусро  рӯ ба беҳбуд овардааст.

Дар Фаронса ба 19 гирифтор доруи хлорохинро санҷиданд, ки натиҷаи мусбат  додааст. Пеш аз ин доруи мазкур  дар якҷоягӣ бо антибиотики азитромитсин ба 40 нафар бемор озмуда шуда буд, ки зимни таъсири он беморон шифо ёфта буданд.

Олимони чинӣ доруи ритонавир ва лопинавирро, ки бар зидди ВИЧ-инфескяҳо истифода мешуд, ба 200 гирифтори ҳолашон вазнин санҷиданд, ки бенатиҷа анҷом ёфт. Муқаррар карданд, ки ин нааъ доруҳо дар марҳилаҳои аввали беморӣ таъсиргузор хоҳад буд.

Олимони  рус ва олмонӣ муайян карда буданд, ки доруи комостат (дору барои панкреатит) барои табобати сироятёфтагон мувофиқи мақсад аст. Оғози моҳи апрел дар Дания таъсири ин доруро таҷриба карданӣ шуданд.  Ба 180 нафар бемор дар давоми 1 шабонарӯз 3 бор ба  ҳаҷми 100 миллиграмм доданд, ки натиҷааш баъди як моҳ маълум хоҳад шуд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here