Бо худ корд гирифтану истифода аз он дар муноқишаҳо миёни наврасону хонандагон ва ҷавонон дар шаҳри Душанбе мақомоти милисаро нигарон кардааст. Чанде қабл низ сардори Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе генерал Шариф Назарзода дар як ҷаласа аз зиёд гардидани сатҳи ҷинояткорӣ миёни наврасон изҳори таассуф карда буд. Ба гуфтаи номбурда, ҷиноятҳои содиргардида аз ҳама бештар дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ба қайд гирифта шудаанд.

РВКД хабар медиҳад, ки боз як ҳолати истифода аз корди ҳамроҳро миёни ҷавонон дар ноҳияи Синои пойтахт ба қайд гирифтаанд, ки дар натиҷа як нафар бо ҷарроҳатҳои ҷисмонӣ ба бемористон расонида шудааст.

Ба қавли манбаъ, шоми 12 октябр тахминан соатҳои 17:30 шаҳрвандон Толиҳов Ифтихор Ҷамшедович соли таваллудаш 23.10. 2000 зодаи шаҳри Ваҳдат, истиқоматкунандаи ноҳияи Сино, кӯчаи Муҳаммадиев, донишҷӯи соли дуюми Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур, Бобоев Амирҷон Сайдаҳмадович, соли таваллудаш 22.09.1999 зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Сино, кӯчаи А. Ғуломов ва Зокиров Муҳаммадшариф Абдуғаффорович соли таваллудаш 20.12.1998 зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Сино, кӯчаи А.Ғуломов ҳангоми дар роҳи пиёдагарди назди бинои №42-и кӯчаи Б. Ғаффуров (маҳаллаи 103-юм) қарор доштанашон байни ҳам муноқиша кардаанд. “Дар ин лаҳза аз ҳиссиёти авбошӣ донишҷӯ Толиҳов Ифтихор Ҷамшедович аз корди бо худ доштааш истифода карда, як маротиба ба бадани Бобоев Амирҷон зада, бо расонидани ҷароҳати вазнин ба саломатӣ аз ҷои ҳодиса ғайб задааст. Бо кӯмаки атрофиён Бобоев Амирҷон бо захмҳои вазнин аз тарафи чапи шикам дар беморхонаи шаҳраки “Шифобахш” бистарӣ карда шудааст”.

РВКД мегӯяд, маҷмӯи чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ гузаронида, донишҷӯи кордчазан Толиҳов Ифтихор Ҷамшедовичро дастгир кардаанд ва сабабу омилҳои даст задани боздоштшуда ба ин ҷинояти вазнин омӯхта мешаванд.

“Дар робита ба ҳодисаи мазкур нисбати Толиҳов Ифтихор Ҷамшедович бо моддаи 237 қисми 3 (авбошӣ бо истифода аз силоҳи сард) ва нисбати Бобоев Амирҷон Сайдаҳмадович ва Зокиров Муҳаммадшариф Абдуғаффорович бо моддаи 237 қисми 2 (авбошӣ дар ҳайати гуруҳӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва тафтишоти пешакӣ идома дорад”- омадааст дар хабари РВКД.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here