Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соли таҳсили 2020-2021-ум 5 ихтисоси нав ташкил карда шудаст.

Ректори Донишгоҳи мазкур Давлатзода Сайфиддин, имрӯз зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод, ки ихтисосҳои нав дар донишгоҳ дар бахши иқтисодӣ, омузгорӣ, сиёсат ва идораи давлатӣ, фалсафа ва иқтисодиёти ҷаҳон мебошанд.

Гуфта шуд, ки ҳоло Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бо 66 ихтисос барои соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ҷумҳурӣ мутахасисонро тайёр мекунд.

Дар нишаст иттилоъ дода шуд, ки соли хониши гузашта 5 донишҷӯ аз сафи донишҷуёни донишгоҳ хориҷ шуданд, ки сабаби хориҷ шудани се нафар фавт  мебошад.

Мушкилии асосии донишгоҳи мазкур барои донишҷуёнаш ин камии хобгоҳ мебошад, ки ректори донишгоҳ гуфт, барои рафъи ин мушкил талош доранд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here