1-уми марти соли 2018, тахминан соати 20:00, дар роҳи мошингарди Айнӣ-Панҷакент, дар ҷамоати деҳоти Халифа Ҳасани шаҳри Панҷакент, ҷасади марди 31-солаи сокини шаҳри мазкур, бо захмҳои бурида дар қисмати гарданаш дарёфт карда шудааст.

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия падарарӯси марҳум, марди 46-солаи сокини ҳамин шаҳр, чун гумонбар дар содир намудани ҷинояти куштор дастгир карда шудааст.

Тафтишот муайян намудааст, ки номбурда 1-уми марти соли 2018, тахминан соати 19:30, дар ҳолати мастӣ, дар маркази деҳаи Суфиёни шаҳри Панҷакент, аз сабаби доштани хусумати шахсӣ нисбати домодаш, бо корд як маротиба ба гарданаш зада, аз ҷои ҳодиса ғайб задааст. Далели шайъӣ гирифта шудааст.

Оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот давом дорад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here