11-уми апрел ду бозии даври дуюми Чемпионати футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи олӣ баргузор шуданд.

Дар бозии марказии даври дуюм “Истаравшан” дар майдони худ бар “Хуҷанд” пирӯз шуд. “Дербии Суғд” дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Истаравшан, дар шоҳидии 15000 мухлис бо ҳисоби 2:1 анҷом ёфт. Қаҳрамони бозӣ ҳамлагари истаравшаниҳо Бахтовар Зокиров гардид, ки ду гол зад. Голи дастаи меҳмонро Манучеҳр Аҳмадов ба ҳадаф расонд.

Гуфта мешавад, ки баъди ин шикасти «Хуҷанд» сармураббии даста Нуъмонҷон Юсуфов аз вазифааш барканор шудааст. Вазифаи ӯро Шариф Зиёев, ки роҳбари ҳайати дуюми даста аст, бар уҳда гирифтааст.

Дар бозии дигар “Истиқлол” дастаи “Хатлон”-ро шикаст дод – 3:1. Голҳоро дар ҳайати дастаи ғолиб Алишер Ҷалилов ва Шериддин Бобоев заданд. Як голи дигарро бохтариҳо худашон заданд, ки Алишер Баротов онро вориди дарвозаи худ кард. Голи “Хатлон”-ро Худойдод Узоқов ба номаш сабт кард.

“Истиқлол”, ки дар ду давр 6 хол ба даст овард, дар садри ҷадвали чемпионат қарор гирифт.

Ду бозии дигари даври дуюми чемпионати футболи мамлакат 13-14 апрел доир мегардад. 13 апрел КМВА “Помир” дар майдони худ “Панҷшер”-ро қабул мекунад, 14 апрел дар варзишгоҳи “ТАЛКО-Арена” “Регар-ТадАЗ” бо “Куктош” нерӯ месанҷанд. Оғози бозиҳо – соати 16:00.

Дар охири ҳафтаи гузашта Чемпионати футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи олӣ шурӯъ шуд, ки дар он 8 даста – «Истиқлол», «Хуҷанд», «Регар-ТадАЗ», «Хатлон», КМВА «Помир», «Кӯктош», «Панҷшер» ва «Истаравшан» ширкат мекунанд.

6-7 апрел бозиҳои даври якуми Чемпионати 28-уми футболи Тоҷикистон баргузор шуданд, ки дар чор вохӯрӣ соҳибони майдон ғалаба карданд.

Барандаи медалҳои биринҷии мавсими гузашта – дастаи “Куктош” дар майдони худ бар КМВА “Помир” бо ҳисоби 2:0 пирӯзӣ ба даст овард. Қаҳрамони бозӣ ҳуҷумкунандаи “Куктош” Абдурасул Раҳмонов дониста шуд, ки ду гол ба ҳадаф расонд.

Дар бозии дигари рӯзи 6 апрел “Панҷшер” дар майдони худ бар “Истаравшан” пирӯз шуд (2:1). Муаллифи голи нахустини чемпионати имсола Бахтовар Зокиров аз дастаи “Истаравшан” гардид. Ӯ дар дақиқаи 2-юми дидор ба дарвозаи “Панҷшер” гол зад. Охири нимаи аввали дидор легионери узбекистонии дастаи меҳмон Тулқинҷон Умаров нохоста тӯбро ба дарвозаи дастааш ворид кард. Голи ҳалкунандаро “Панҷшер” дар дақиқаи 90+2 аз пеналтӣ тавассути Собирҷон Холматов зад.

Ду бозии дигари даври аввал 7-уми апрел доир гардиданд. Дар пайи “Куктош” ва “Панҷшер” азимдастаҳои чемпионат – “Истиқлол” ва “Хуҷанд” ба муваффақияти хонагӣ даст ёфтанд. “Истиқлол”-и Душанбе дастаи шаҳри Турсунзода — “Регар-ТадАЗ”-ро мағлуб кард. Бозӣ дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ваҳдат бо ҳисоби 4:1 ба анҷом расид. Дар оғози бозӣ душанбегиҳо аз пеналтӣ, ки капитани даста Фатҳулло Фатҳуллоев иҷро кард, ҳисобро кушоданд. Дар дақиқаи 30-юм меҳмонон тавассути голи бо сар задаи Шерзод Муҳаммадиев ҳисобро баробар карданд, вале баъд аз 1 дақиқа Фатҳулло Фатҳуллоев дастаашро боз ба пеш баровард. Дар нимаи дуюм, дар дақиқаи 62-юм Эҳсони Панҷшанбе аз пеналтӣ голи сеюмро ба ҳадаф расонд ва голи ғалабаоварро Шериддин Бобоев зад.

Бозии дигар миёни дастаҳои “Хуҷанд” ва “Хатлон” бо пирӯзии дастаи соҳили дарёи Сир анҷом ёфт – 1:0. Голи ягонаро Давронҷон Эргашев дар дақиқаи 61-ум аз пеналтӣ зад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here