Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе 18-уми октябр мурофиаи судии декани факултети омодагии дифои ҳарбии Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон Салимов Ҳабибулло Қузратовичро тибқи моддаи 247 қисми 3 ба поён расонида, ӯро бо ҷарима ба маблағи 45000 сомонӣ ба фоидаи давлат аз толори судӣ озод кардааст.

Дар ин бора наздикони Ҳабибулло Салимов ба faraj.tj хабар дода гуфтанд, ки Салимов 18 сол дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ самимона ба таълиму тадрис машғул буда, рух додани чунин ҳолат берун аз бовари онҳост.

Агентии назорати давлати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия иттилоъ дод, ки Салимов Ҳабибулло Қузратович охирҳои моҳи августи соли равон аз шаҳрванд «А» барои дохил кардани шиносаш шаҳрванд «Б» ба гурӯҳи буҷавии Коллеҷи тарбияи ҷисмонӣ маблағи 5000 сомонӣ талаб кардааст.

Гуфта мешавад, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Салимов Ҳ. Қ. зимни гирифтани пора аз шаҳрванд «А» ба маблағи 5000 сомонӣ аз дохили автомашинаи тамғаи Инфинити-130, рақами қайди давлатиаш 43-19 СТ 01, дастгир карда шуда, маблағ ҳамчун далели шайъӣ ёфта гирифта шудааст.

Ҳамчунин, дар хабари Агентӣ зикр мегардид, ки дар сурати исботи гуноҳи Салимов Ҳ. Қ. ӯро ҷазо ба муҳлати аз 5 то 8 соли зиндон бо маҳрум шудан аз ҳаққи ишғоли мансабҳои муайян ё фаъолияти муайян ба муҳлати то 5 сол интизор аст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here