Дар шаҳри Леваканти вилояти Хатлон соли 2020-ум 172 ҷиноят ба қайд гирифта шудаст, ки ин нисбат ба соли гузашта 25 ҷиноят зиёд мебошад. Дар ин бора раиси шаҳри Левакант Давлатзода Зарина имрӯз зимини нишасти хабарӣ иттилоъ дод.

Вай гуфт, ки мутаассифона 5 нафар сокини шаҳр дар задухӯрдҳои кишварҳои Сурия ва Ироқ қарор доранд.

Раиси шаҳр дар посух ба суоли хабарнигорон, ки чаро солҳои охир даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусалаҳи кишвар дар шаҳр тӯл мекашад, гуфт, ки зуд-зуд иваз шудани комиссарҳои ҳарбӣ боис мешавад, ки даъватшавандаҳо саривақт ҷалб намешаванд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here