Сардори Кумитаи андози кишвар Нусратулло Давлатзода хабарҳои охирро дар мавриди бо дасти Кумитаи андоз баста шудани корхонаи тиллои муштараки Тоҷикистону Чин — «Зарафшон» рад кард ва гуфт бо ин корхона ягон мушкил надоранд. Дар хабарҳо гуфта мешавад, ки ин корхона барои напардохтани 200 миллион сомонӣ қарзи андоз баста шудааст ва ҳудуди 2000 коргар бекор мондааст.

Номбурда дар нишасти матбуотии дирӯза, ки бо хабарнигорон дошт, иттилоъ дод, «баракс корхона соли гузашта фаъолияти хуб дошт ва дар таъмини беҷети кишвар саҳим буд».

— Бояд гуфт, ки корхонаи тиллои «Зарафшон» соли гузашта дуруст фаъолият кард ва саҳми худро дар ғанӣ гардонидани буҷет расонид. Мушкилоту проблемаҳо дар рафти кор, дар давоми сол бо андозсупорандагон мешавад. Ин як чизи муқаррарӣ аст. Баъзе андозсупорандагоне ҳастанд, ки бо сабаби вазъи молиявӣ наметавонад сари вақт андозро пардохт кунанд. Бо корхонаи муштараки тиллои «Зарафшон» бо истиснои баъзе масъалаҳо, тайи 4 моҳи охир қариб ягон мушкил надорем. Тавре ки ман маълумот дорам, ин корхона давоми ду моҳи охир бо сабаби ба охир расидани муҳлати иҷозатнома фаъолияташро қисман манъ кард. Корхона баъзе уҳдадориҳояшро дар назди Ҳукумати Тоҷикистон сари вақт иҷро карда натавонист. Баъзе проблемаҳо дорад, аммо мушкил ҳал шуд. Аллакай дирӯз қарори Ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд ва корхона пурра ба фаъолият сар кардааст. Фаъолияти минбаъдааш бевосита аз риоя кардани санадҳои меъёрию ҳуқуқии Тоҷикистон ва талаботе, ки аз ҷониби Ҳукумат дар назди корхона гузошта аст, вобаста мебошад, зеро 25%-и корхона саҳми Тоҷикистон аст, — гуфт Давлатзода.

Корхонаи муштараки «Зарафшон», воқеъ дар ноҳияи Панҷакент, бузургтарин корхонаи тавлиди тиллои Тоҷикистон аст, ки 75 дарсади саҳмияҳои он ба Чин ва 25 дарсад ба Тоҷикистон тааллуқ дорад. Аз соли 1994 то соли 2007 қисмати бештари саҳмияҳои ин корхона ба ширкати бритониёии «Commonwealth & British Mineral Ltd» тааллуқ дошт. Баъдан онро ширкати чинии тавлиди тиллои «ZiJin Mining Group Co.Ltd» харидорӣ кард.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here