Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 6-уми март барои даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1992-2001 ба сафи қувваҳои мусаллаҳи кишвар фармон содир кард.
Тибқи фармони мазкур хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати аскариро адо кардаанд, моҳҳои апрел-майи соли 2019 ба эҳтиёт рухсат дода мешаванд.
Дар фармон гуфта мешавад, «моҳҳои апрел-майи соли 2019 шаҳрвандони ҷинси марди то рӯзи даъват ба синни 18 расида, инчунин шаҳрвандони синни калонтари Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳуқуқи ба таъхир андохтани муҳлати даъват ё озод будан аз даъват ба хизмати ҳарбиро надоранд, барои хизмат ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват карда шаванд».
Ёдовар мешавем, ки дар кишвар даъват ба сафи қувваҳои мусаллаҳ дар як сол ду маротиба-баҳор (апрел- май)-у тирамоҳ (октябр-ноябр) сурат мегирад. Дар мавриди он ки ҳамасола чӣ теъдод ҷавонон ба сафи артиш даъват карда мешаванд, омори дақиқ вуҷуд надорад, аммо бино ба маълумотҳои тахминӣ, ҳудуди 15-16 ҳазор ҷавонони синни хидматӣ ҷалб карда мешаванд.
Дар мавсими даъват ба хизмати ҳарбӣ овозаҳо дар бораи сафарбарии ҷавонон бо роҳи маҷбурӣ — «облава» дар шаҳру навоҳии кишвар зиёд шунида мешавад, аммо масъулин ҳамеша чунин сару садоҳоро беасос мехонанд.