Дар Душанбе дастур барои рӯзноманигорон оид ба масъалаҳои коргузорӣ ва муносибатҳои ҳуқуқии меҳнатӣ аз ҷониби ташкилоти ҷамъиятии «Бюро оид ба ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният» ба нашр расид.
Ин дастур дар доираи лоиҳаи «Дастрасӣ ба адолати судӣ барои журналистон ва пешбари намудани стандартхои байналмилалӣ оид ба масъалаи озодии сухан ва баёни ақида дар Тоҷикистон» таҳия гардида, бо дастгирии Фонди миллии рушди демократия ба чоп расидааст (NED).
Дастури мазкур барои муҳаррирони воситаҳои ахбори омма, журналистони дар чунин воситаҳо фаъолият дошта ва журналистони мустақил пешбинӣ шудааст. Дастур иттилоот, маълумот дар муносибатҳои ҳуқуқии меҳнатии корфармо ва коргар, фарқияти муносибатҳои меҳнатӣ ва гражданиву ҳуқуқ, дар бораи тартиби ба расмият даровардани муносибатҳои меҳнатӣ ва бисёре аз дигар масъалаҳои дигари марбут ба қонунгузории меҳнатро фаро мегирад. Ҳамчунин дар ин дастур бархе аз қоидаҳои коргузорӣ низ ҷой дода шудаанд.