Дили шоир, нависанда, омӯзгор ва инсони хуб Ато Карим дар синни 70-солагӣ аз задан бозмонд. Ато Карим падари муассис ва директори Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон Хуршед Атовулло аст, ки бо ҳафтаномаҳои Марказ — «Фараж», «Самак» ва «Ману Ту» ҳамкории хуби эҷодӣ дошт.
Ниёзов Атовулло Каримович (Ато Карим) 15-уми июли соли 1950 дар деҳаи Дашти Қозии шаҳри Панҷакент дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст.
Баъди хатми омӯзишгоҳи педогогии шаҳри Панҷакент, чун омӯзгори синфҳои ибтидоӣ дар мактабҳои миёна кор карда, соли 1978 факултети таърихи Донишгоҳи шаҳри Хуҷандро хатм кардааст.
Ба адабиёт шавқи зиёде дошт. Китобҳои ӯ бо номҳои “Садо аз зиндон” (1998), “Ашки ҳасрат” (1999), “Тӯшаи ғарибон” (2009), “Фарёди дил” (2011), “Пули ҳаром”, (2014), “Ашки ғам” (2018) ба таъ расидаанд ва навиштаҳояш дар чанд маҷмӯаи дастҷамъӣ нашр шудаанд.
То вопасин дами умр Ато Карим омӯзгор буд ва дар тарбияи насли наврас хизмат мекард. Чанд мақолаи илмию педагогиаш дар рӯзномаю маҷаллаҳои ҷумҳурӣ нашр гардидаанд. Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.
Аҳли эҷоди Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон, ҳафтаномаҳои «Фараж», «Самак», «Ману Ту», вебгоҳҳои faraj.tj ва sugdnews.com ба директори Марказ Хуршед Атовулло ва бародарону аҳли байташ ин талафотро таслият гуфта, аз Худованд мехоҳанд, ки ҷойи он сафаркарда дар биҳишт бошад. Равонаш шод ва ёдаш ба хайр бод.