Субҳи 28-уми май дар оромгоҳи ҷамоати Хистеварзи (собиқ Қистақӯз) ноҳияи Бобоҷон Ғафуров модари сарвазири Тоҷикистонро ба хок супурданд.
Муҳаббат Охунова — модари Қоҳир Расулзода як умр ҳамчун омӯзгор кор карда, дар синни пурбаракати 90-солагӣ аз олам чашм пӯшид. Гуфта мешавад, ки тибқи васияти модар, ҷанозаи ӯ дар канори фарзанди дигараш Абдувалӣ Назиров, ки чор сол пеш аз олам гузашта буд, ба хок супурда шуд.
Расулзода аз сиёсатмадорони муваффақи тоҷик аст, ки пас аз раисии вилояти Суғд (аз соли 2006 то 2013) бар маснади сарвазири Тоҷикистон соҳиб шуд ва то ҳанӯз дар ин вазифа аст.
Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон ва ҳайати эҷодии нашрияи «Фараж» ба Қоҳир Расулзода нисбати даргузашти модарашон таслият арз мекунанд. Худованд модарро биёмурзад ва макони охираташро гӯшае аз Боғи Биҳишт гардонад.