25-уми ноябр ҷаҳони футбол писари нозпарвар ва беҳамтои худро аз даст дод. Қаҳрамони ҷаҳон дар соли 1986, оне, ки бо номи соҳиби «дасти Худо» шуҳрат пайдо карда буд, футболбози машҳур, мураббии маъруф Диего Армандо Марадонаи 61-сола, аз олам даргузашт. Гуфта мешавад, ки Марадона аз норасоии шадиди кори дил фавтидааст.

Диего Армандо Марадона 30 октябри соли 1960 дар шаҳри Лануси устони Буэнос-Айреси Аргентина таваллуд шудааст. Вай фарзанди панҷуми оила буд, аммо писари аввал. Мисли аксари бачаҳои Аргентина, Диего аз хурдӣ дар кӯчаҳо тӯб бозӣ мекард. Баъд ӯ маҳорат пайдо кард ва дар Аврупо бозӣ карда, маъруф шуд. “Барселона”, “Наполӣ”, “Севиля” дастаҳое буданд, ки Марадона 11 соли умри худро дар майдонҳои онҳо гузаронд. Истгоҳи асосӣ бешубҳа клуби “Наполӣ” аз Неаполи Итолиё буд, ки Марадона барои он 188 бозӣ гузаронида, 81 маротиба гол задааст.

Яке аз марҳилаҳои муҳим дар карйераи Диего Ҷоми ҷаҳонии соли 1986 буд. Марҳилаи чорякфиналӣ бо Англия ба ҷаҳон «дасти Худо» ва инчунин яке аз беҳтарин голҳои асрро дод, ки Марадона пеш аз задани ин гол бо маҳорат ва чолокӣ аз шаш футболбози англис дар майдон гузашт. Ӯ ин голро бо дасташ зад, аммо довар онро надид. Баъди бозӣ Марадона иқрор шуд, ки гол бо даст зада шуда буд ва он даст “дасти худи Худо” буд.

Дар ватани Марадона – Аргентина барои ин талафот се рӯзи мотам эълон шудааст. Ағлаби чиновникҳои олами футбол даргузашти Диегоро талафоти бузург дар олами футбол хондаанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here