«Бузургтарин актёри театру кинои советӣ моро тарк гуфт», навишт Сайёфи Мизроб, сармуҳаррири ҳафтаномаи СССР, дар Фейсбук ва аз даргузашти ҳунарманди маъруф Ҳабибулло Абдураззоқов хабар дод. Ҳунарманд дар синни 83-солагӣ пас аз бемории тӯлонӣ дар Душанбе вафот кардааст.

Ҳабибулло Абдураззоқов, хатмкардаи Институти давлатии санъати театрии ба номи А. В. Луначарскийи шаҳри Москва (соли 1960 — факултети актёрӣ ва соли 1964 — курсҳои олии коргардонӣ). Ҳунарпешаи Театри ҷумҳуриявии мазҳакаю мусиқии ба номи А. С. Пушкини шаҳри Хуҷанд (1960—1961), ҳунарпеша ва коргардони Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ (1961—1969), саркоргардони Театри ҷумҳуриявии мазҳакаю мусиқии ба номи А. С. Пушкин (1969—1971) ва Театри давлатии ҷавонон ба номи М. Воҳидов (1971—1972), ҳунарпеша ва коргардони киностудияи «Тоҷикфилм» (1973—1975), ҳунарпешаи Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ (1975—2002) буд. Аз соли 2002 муассис ва роҳбари бадеии аввалин театри ғайридавлатии «Падида» буд. Солҳои 1987—1990 раиси Иттифоқи арбобони театри Тоҷикистон ва ҳамзамон солҳои 1987—1991 муовини аввалин Иттиҳодияи ходимони театрии ИҶШС буд.

Чун коргардон дар театрҳои тоҷик зиёда аз 30-намоиш таҳия кардааст.

Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон ин талафотро ба хонаводаи ҳунарманд, ба мухлисонаш ва олами ҳунари Тоҷикистон таслият мегӯяд. Ёдаш ба хайр ва равонаш шод бод!

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here