Ҳомии ҳуқуқи маъруф Каромат Шарифов, ки раиси Ҷунбиши муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия буд, дар синни 57-солагӣ дар шаҳри Ваҳдат аз олам даргузаштааст. Дар ин бора “Озодӣ” хабар дода, аз қавли наздиконаш мегӯяд, ӯ вақтҳои ахир аз бемории қалб ранҷ мебурд, ки субҳи 9-уми май дилаш аз задан монд.
Ба гуфтаи пайвандонаш, Шарифов дар шаҳри Ваҳдат аз олам гузашта, ҷанозаашро барои дафн ба зодгоҳаш ноҳияи Файзобод бурданд. Дар назар аст, ки маросими видоъ бо ӯ пеш аз зуҳри имрӯз баргузор шавад.
Каромат Шарифов як рӯз қабл дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфтааст, дар шаҳри Тулаи Русия заминашро фурӯхтааст ва мехоҳад як миллион рубли онҳоро барои камбизоатон дар Тоҷикистон ва муҳоҷирон кӯмак расонад.
Шарифов шаҳрвандии Русияро дошт, вале мақомоти рус моҳи декабри соли 2017 шаҳрвандии ӯро бекор ва худашро ба Тоҷикистон ихроҷ карданд. Дар шарҳи расмии қарори додгоҳи Маскав гуфта мешуд, ки сабаби ихроҷи Шарифов «аз роҳи тақаллуб ба даст овардани шиносномаи Русия» аст. Аммо Каромат Шарифов то охир ихроҷаш аз Русияро кори як гуруҳи манфиатдор медонист, ки ба ҳимояти ӯ аз ҳуқуқи муҳоҷирон рабт дорад.