Бино ба итилои дафтари матбуоти Вазорати тандурустии Ӯзбекистон то шоми 9-уми апрел теъдоди сироятшудагони коронавирус дар ин кишвар ба 582 нафар расидааст.

Дар ҳамин ҳол яке аз зоишгоҳҳои шаҳри Тошканд ба далели пайдошавии вируси ин беморӣ дар яке аз занҳои ҳомила  баста шудааст. Гуфта мешавад, ки ин зан пеш аз интиқолаш ба зоишгоҳ бо яке аз беморони сироятшудаи коронавирус вориди мулоқот шудааст.

Сардори нозироти санитарию эпидемиологии Ӯзбекистон Нурмат Отабеков тайи як брифинг гуфт, ки  ҳамаи ходимони зоишгоҳ ва занону тифлони онҳо ба муҳлати 14 рӯз қарантин ва зери назорати мутахассисон қарор хоҳанд гирифт.

— Ин зоишгоҳ танҳо вақте дубора дарҳои худро боз хоҳад кард, ки дар муддати ду ҳафтаи оянда касе аз корманд ва беморони он ба коронавирус сироят нашуда бошанд, — изҳор дошт Нурмат Отабеков.

Ба таъкиди Нурмат Отабеков ҳоло он афроде бештар ба вируси ин беморӣ сироят шудаанд, ки бо интиқолдиҳандагони он аз наздик мулоқот кардаанд. Интиқолдиҳандагони вирус аз 7 кишвари хориҷӣ баргаштаанд ва боиси паҳншавии ин беморӣ дар байни дигарон шудаанд.

— Ҳоло мутахассисон дар ҷустуҷӯи ашхоси боқимондае мебошанд, ки ҳанӯз дар миёни аҳолӣ гаштаанд ва бо сироятшудагони дуюмӣ дар як фазову муҳит қарор доранд. Ҳадафи асосии мо комилан аз байн бурдани сарчашмаи паҳншавии ин беморӣ ва наҷоти онҳоест, ки зери таъсири ин вирус қарор доранд, — таъкид кард Нурмат Отабеков.

Вай афзуд, ҳар шахси аз ин беморӣ сироятшуда ба таври фаврӣ ба бемористони махсус интиқол дода мешавад ва мавриди муолиҷаи қатъӣ қарор мегирад, то аз афзоиши теъдоди бештари одамони сироятшаванда ҷилавгирӣ карда шавад.

— Мутаассифона, он кормандони муассисаҳои махсуси тиббӣ, ки ба муоинаву муолиҷаи беморони коронавирус машғуланд, худро зери хатари ҷиддӣ қарор додаанд. Онҳо низ ба манзури ҳимоят аз сироятшавӣ ба ин вирус дар тан либосҳои махсус доранд, зеро зимни бистарӣ кардани беморони нахустин маҳз чанд нафар  пизишку хоҳари шафқат аз ин вирус сироят шуданд, — гуфт бо таассуф Нурмат Отабеков.

Манбаъҳои расмии Ӯзбекистон хабар медиҳанд, ки наздики 70 ҳазор кас аз озмоиши коронавирус гузаштаанд.

Ҳоло ҳар рӯз намояндагони идораҳои интизомии Ӯзбекистон вайронкунандагони қоидаҳои қарантинро муайян ва ба чораҳои маъмурӣ мекашанд. Гуфта мешавад, ки вайронкунии ин қоидаҳо бештар дар вилояти Тошканд, шаҳрҳои Тирмиз, Самарқанд, Бухоро, Намангон ба қайд гирифта шудаанд.

Ба гуфтаи сухангӯи Вазорати корҳои дохилаи Ӯзбекистон Шоҳрух Ғиёсов ғайр аз ин афрод дар байни онҳо шахсоне боздошт шудаанд, ки дар вилоятҳои дигар мавриди пайгард ва тафтиш қарор доранд. Ҳамчунин, як гурӯҳ шахсон зимни ҳамлу нақл ва хариду фурӯши маводи мухаддир  боздошт шудаанд.

— Бо вуҷуди ҷорӣ шудани қарантин ва огоҳ кардани шаҳрвандон ҳодисаҳое ба қайд гирифта мешаванд, ки баъзеҳо бемақсад ба кӯчаву хиёбонҳо баромада, машғули сайру гашт мешаванд. Як идда одамони синну соли гуногун дучархасаворӣ мекунанд ва ин боис мегардад, ки дучархаҳои онҳоро ходимони мо муваққатан мусодира кунанд. Ҳамчунин, сар нафаровардан ба тақозои ходимони мо, баҳонаҳои гуногун пеш овардани вайронкунандагони тартиби ҷоришуда ва монанди он шаҳодат медиҳанд, ки баъзеҳо ҳанӯз ба умқи ҷиддӣ будани масъала сарфаҳм нарафтаанд, — мегӯяд Шоҳрух Ғиёсов.

Дар ин рӯзҳо, тавре Созмони ҷаҳонии тандурустӣ низ эълон кардааст, аз шаҳрвандони Ӯзбекистон тақозо мешавад, ки дар хона бошанд ва бидуни зарурат ба кӯчаву хиёбонҳо ва бозору дӯконҳо  набароянд.

Баъзе расонаҳо дар бораи ҷорӣ шудани соатҳои комендантӣ дар Ӯзбекистон хабарҳо пахш кардаанд, аммо мақомоти расмии Ӯзбекистон ин иттилоъро рад намуда, меафзоянд, ки пахши бардурӯғи ҳар гуна хабар ва мӯъҷиби воҳимаи мардуми шудани он мамнӯъ мебошад. Гуфта мешавад, ки ташаббускорони чунин иқдомот ба миқдори аз 66,9 миллион сӯм то 89,2 миллион сӯм ҷарима хоҳанд шуд.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here