Дар ҷамъомади навбатии Комиссияи марказии интихоботи Ҷумҳурии Ӯзбекистон масъалаи ба рӯйхат гирифтани вакилони интихобшудаи Палатаи қонунбарори Олий Маҷлис, ҳамчунин баргузории интихоботи такрорӣ дар як қатор ҳавзаҳои интихоботӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Тавре раиси Комиссияи марказии интихобот Мирзоулуғбек Абдусаломов гуфт, интихобот таҳти шиори “Ӯзбекистони нав-интихоботҳои нав” тибқи тамоюлҳои демократӣ, озод ва шаффоф баргузор шуданд. Ин интихоботро нозирони созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ ва нозирони маҳаллӣ назорат карданд. Раванди он дар воситаҳои ахбори дохилӣ ва хориҷӣ мунтазам бозтоб гардид.
— Ҳамин нуктаро бояд зикр кунам, ки дар ҷараёни интихобот муроҷиатҳо перомуни қонуншиканиҳо ва вайрон кардани қоидаҳои интихобот, ки ба натиҷаҳои он таъсир мерасонида бошанд, ба мо омада нарасидаанд. Дар айни ҳол ба Палатаи қонунбарои Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон 125 нафар вакил интихоб шуданд. Аммо дар 25 ҳавзаи интихоботӣ якшанбеи 5-уми январи соли 2020 интихоботи такрорӣ баргузор мегарданд, — изҳор кард Мирзоулуғбек Абдусаломов.
Ба гуфтаи ӯ мувофиқи Кодекси интихобот номзаде, ки аз 50 дарсад бештар овоз гирад, вакили Палатаи қонунбарори Олий Маҷлис интихоб мегардад. Гуфта мешавад, ки дар интихоботи такрори фаъолнокии интихобкунандагон ба назар гирифта намешавад.
Мирасрор Аҳроров,
хабарнингори “Фараж”, шаҳри Тошканд