Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулазиз Комилов зимни пахши як изҳорот аз созмонҳои гуногуни байналмилалӣ арзи сипос намуд, ки намояндагони худро ба ҳайси нозир ба Ӯзбекистон фиристоданд ва онҳо интихоботро бевосита дар ҳавзаҳои раъйдиҳӣ назорат карданд.
— Дар интихоботи парлумонӣ ва шӯроҳои маҳаллӣ, ки 22 декабр баргузор гардиданд, ба тарзи кӯтоҳмуддат ва дарозмуддат нозирони Созмони ҳамкории Шанхай, Ассамблеяи парлумонӣ вва Бюрои демократия ва ҳуқуқи инсони Созмони амният ва ҳамкории Аврупо, Иттиҳоди давлатҳои муштаракулманофеъ фаъол ширкат карданд. Як қатор тавсияҳо ироа карда шуд, ки фикр мекунам, мо дар интихоботи оянда онро корбаст хоҳем кард, — гуфт Абдулазиз Комилов.
Тавре вазири хориҷаи Ӯзбекистон боз тазаккур дод, интихобот зери шиори “Ӯзбекистони нав-интихоботҳои нав” сурат гирифт ва натиҷаҳои онро намояндагони созмонҳои байналхалқӣ ва пешвоёни аҳзоби сиёсии кишвараш эътироф намуданд. Ба гуфтаи Абдулазиз Комилов, интихоботи сипаришуда натиҷаи ислоҳотест, ки дар ин мамлакат таҳти сарварии Шавкат Мирзиёев пиёда мегардад.
— Мо тавонистем, ки шаҳрвандони Ӯзбекистон дар хориҷ аз кишварро низ ба интихобот ҷалб кунем ва онҳо ба тарафдории номзадҳои дилхоҳашон раъй диҳанд. Дар маҷмӯъ теъдоди ин раъйдиҳандагон дар 40 мамлакати дунё 112 ҳазору 411 нафарро ташкил мекунад. Воқеъияти ҳолро мегӯям, ки на ҳамаи шаҳрвандони мо имкон пайдо карданд дар хориҷи кишвар аз ҳаққи конститутсионии худ истифода кунанд, — иброз дошт Абдулазиз Комилов.
Вай мавҷудияти баъзе мушкилу муаммоҳоро таъкид кард ва афзуд, ки интиқоду эътирозҳои созмонҳои байналмилалиро ҳаргиз ба ҳайси таҳдид ба Ӯзбекистон қабул намекунанд, балки дар ҷараёни интихоботи сипаришуда таҷрибаи бештар ҳосил шуд. Абдулазиз Комилов гуфт, ки маҳз ҳамин интихобот дар ҷалби ҳарчи бештари сармояҳои хориҷӣ, ба Ӯзбекистон омадани соҳибкорону тоҷирони бештар муосидат хоҳад кард.
— Як омили дигарро гуфтаниам, ки баъди тағйири сиёсат дар Ӯзбекистон дар шаҳри Тошканд ва соири кишварҳои ҳамҷавори он чорабиниҳои зиёди сиёсӣ баргузор мегарданд, сарварони давлатҳои панҷ кишвари Осиёи Марказӣ гирдиҳам меоянд, амнияту суботи минтақавӣ аз бумбаст раҳо гардид. Мо таъриху фарҳанги муштарак дорем. Дар Ӯзбекистон тоҷикони зиёд зиндагӣ мекунанд ва дар Тоҷикистон манфиатҳои ӯзбекон ҳимоя карда мешавад. Бештар аз он, Ӯзбекистон бо давлатҳои абарқудрат робитаҳояшро хуб ба роҳ мондааст. Ҳамчунин бо кишварҳои исломӣ алоқаҳо рӯ ба беҳбуд овардаанд, ки аз иродаи сиёсии Шавкат Мирзиёев сарчашма гирифтаанд, — изҳор кард вазири хориҷаи Ӯзбекистон.
Ноиби раиси Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон Содиқ Сафоев бар ин ақидааст, ки интихоботе, ки дар як қатор ҳавзаҳои интихоботӣ ҳанӯз ба давраи ниҳоии худ нарасидаанд, мардуми Ӯзбекистонро аз санҷишӣ ҷиддӣ гузарониданд.
— Мардуми мо тавонист нишон диҳад, ки ба чунин маъракаҳои сиёсӣ тайёр шудааст ва акнун онҳоро наметавон ба иҷрои корҳое амр кард, ки аз хосту иродаашон берун аст. Интихоботе, ки баргузор шуд, аз интихоботҳои соли 2015 хеле фарқ мекунад. Акнун дар мамлакати мо барои интихоботҳои оянда заминаи воқеӣ фароҳам оварда шуд. Бори нахуст дар мо парлумон бо хости мардуми зиёд интихоб гардид, — гуфт Содиқ Сафоев.
Гуфта шуд, ки қаблан дар сурати иштироки ғайрифаъоли раъйдиҳандагон шумори умумии иштироки онҳоро бештар аз 90 дарсад нишон медоданд. Аммо ҳоло ошкор эълон гардид, ки теъдоди интихобкунандагон дар ҳудуди 63 дарсадро ташкил мекунад ва беш аз панҷ миллион интихобкунанда аз ҳаққи конститутсионии худ истифода набурданд.
Ин матлабро ноиби раиси Комиссияи марказии интихоботи Ӯзбекистон Маҳмудҷон Истамов баён кард. Вай гуфт, ки солҳои пеш мехостанд бо нишон додани рақамҳои зиёд хориҷиёнро дар ҳайрат гузоранд ва ҳам худ ва ҳам онҳоро фиреб мекарданд.
— Роҳбарони идораҳои қудратӣ, мисли додситони кул, вазири дохила, раиси Додгоҳи олӣ ҳамарӯза ба таври мустақим бо намояндагони воситаҳои ахбори умуми дохиливу хориҷӣ мулоқотҳо баргузор карда, аз ҷараёни интихоботҳо, мавҷудияти қонуншиканиҳо ва бартараф намудани он, ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидани як идда ашхос ва, дар сурати пеш омадани зарурат кушодани парвандаҳои ҷиноӣ онҳоро огоҳ мекарданд. Бори нахуст дар Ӯзбекистон аз чунин навъи кор истифода ба амал омад, — гуфт Маҳмудҷон Истамов.
Интизор меравад, ки баъди анҷоми давраи дуюми интихобот ва баргузории раъйдиҳии такрорӣ аз натиҷаҳои он фавран воситаҳои ахбор хабардор карда хоҳанд шуд.
Мирасрор Аҳроров,
хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд