Комиссияи вижаи ҳукуматии ҷилавгирӣ аз пахшу паҳншавии коронавирус бар асоси дастури президент Шавкат Мирзиёев як қатор тартиби нав ҷорӣ кард. Мувофиқи он аз соати 6-и субҳи 30-юми апрел то соати 10 ва аз соати 5-и баъд аз зуҳр то 8-и шаб шаҳрвандони ин кишвар метавонанд тавассути мошинҳои шахсӣ ба ҷои кор ҳозир шаванд ва баъди кор ба хона баргарданд.

Ҳамчунин, дар соатҳои муқаррарнамудаи Комиссияи вижаи ҳукуматӣ сокинони шаҳру вилоятҳо аз воситаҳои нақлиёти шахсӣ ва хидматӣ барои харид кардани доруву дармони тиббӣ, хӯрокворӣ ва маводи дигари  мавриди эҳтиёҷи худ низ истифода карда метавонанд.

Тибқи қарори ин комиссия барои рафъи зарурат аз велосипеду дучархаҳои мотордор низ истифода кардан мумкин аст.

Гуфта мешавад, шаҳрвандоне, ки дар биноҳои баландошёна ва ҳавлиҳо зиндагӣ мекунанд, дар соатҳои муқарраршуда танҳо бо риояи қоидаҳои ҷоринамудаи Комиссияи вижаи ҳукуматӣ, яъне риояи фосилаи 2-метрӣ аз ҳамдигар ва пӯшидани ниқоб худашон ва бо фарзандони то 14-солаашон дар назди ин биноҳо ва ҳавлиҳо сайру гашт карда метавонанд.

Ба роҳбарон ва профессорони донишгоҳҳо ва пажуҳишгоҳҳои илмиву тадқиқотӣ низ рухсат дода шудааст, ки фаъолияти лабораторияҳо ва кафедраҳоро барои идома додани корҳои илмӣ дубора фаъол созанд.

Ба шахсони истеҳсолкунанда ва расонандаи маҳсулоти кишоварӣ низ иҷоза дода шудааст, ки аз васоили нақлиётии шахсиву хидматии худ барои интиқоли мавод дар байни ноҳияҳо ва вилоятҳо ва убуру мурур ба шаҳри Тошканд истифода кунанд.

Дар қарори Комиссияи вижаи ҳукуматии ҷилавгирӣ аз пахшу паҳншавии коронавируси Ҷумҳурии Ӯзбекистон таъкид шудааст, ки зимни сайру гашт ва ҳаракат тавассути ҳамаи намуди нақлиёт бояд ба тартибу қоидаҳо ва меъёрҳои санитарӣ-гигиенӣ қотеъона риоя сурат гирад.

Ёдовар мешавем, ки дар Ӯзбекистон аз 23-юми март қоидаҳои қатъии қарантин ҷорӣ гардида буд. Гуфта мешавад, ки муддати қарантин дар ин кишвар то 10-уми май давом хоҳад кард.

Президент Шавкат Мирзиёев дар ҷамъомади охири худ эълом дошт, ки муддати қарантин дар кишвараш марҳала бар марҳала сабук карда хоҳад шуд. Вай гуфт, ки ҷорӣ намудани қарантин хеле саривақтӣ буд ва туфайли он аз бештар пахшу паҳншавии ин бемории хатарнок дар Ӯзбекистон ҷилавгирӣ карда шуд.

Шавкат Мирзиёев ҳамзамон хитобан ба мардуми кишвараш изҳор кард, ки онҳо якуним моҳи соли равон ба қоидаи “Дар хона монед” қатъӣ рияо мекунанд. Барои ҳамин бо машварат бо мутахассисон ва ба эътидол омадани вазъияти санитарӣ-эпидемиологӣ аз баъзе бандҳои қоидаҳои қарантин сарфи назар хоҳад шуд.

Дар ҳамин ҳо,л теъдоди аз бемории коронавирус фавтида дар Ӯзбекистон ба 9 нафар расидааст. Дар ин бора Вазорати тандурустии Ӯзбекистон итттилоъ медиҳад.

Гуфта мешавад, ки бештар аз ҳазор нафар шахсони ба коронавирус сироятшуда ҳанӯз зери назорати мутахассисон қарор доранд ва муолиҷа мешаванд. Тақрибан ба ин теъдоди одамон баъди муоинаву муолиҷа саломатии худро барқарор кардаанд.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here