Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев зимни хитоба ба парлумони кишвараш гуфт, ки бо сабабҳои мухталиф 50 ҳазор нафар аз ҳақи гирифтани шаҳрвандии Ӯзбекистон маҳрум буданд.
— Ин шахсон ба таври автоматик ба шаҳрвандии Ӯзбекистон пазируфта мешаванд, — зери кафкӯбиҳои зиёд эълон кард Шавкат Мирзиёев.
Гуфта шуд ,онҳо афродеанд, ки то соли 1995-и қарни гузашта барои истиқомати доимӣ ба Ӯзбекистон омадаанд, вале шаҳрванди Ӯзбекистон нестанд.
Президенти Ӯзбекистон онҳоро ба он қиёс кард, ки бе завлона пойҳояшон баста аст ва ба ҳеч куҷо рафта наметавонанд. Шавкат Мирзиёев ба Девони Вазирон ва парлумон супориш дод, ки то 1 майи соли равон дар ин маврид қонунҳоро кор карда бароянд.
— Ба ин тартиб, яке аз масъалаҳои мубраму муҳими 50 ҳазор нафар ҳамватанонамон ҳаллу фасл мегардад, — изҳор кард сарвари давлати Ӯзбекистон.
— Яке аз иқдоми наҷиби Президенти Ӯзбекистон ҳангоми ироаи муроҷиатнома ба парлумон барои мо дар ҳамин банд акси худро ёфт. Қариб 28 сол мешавад, ки мо аз ҳақи гирифтани шаҳрвандии Ӯзбекистон маҳрум ҳастем. Умедворам, ки ин масъалаи баҳсталабу чигил дар ояндаи наздик ҳаллу фасл мегардад ва ман метавонам аз ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғона бе маҳдудият ба минтақаҳои дигари Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон сафар кунам, — мегӯяд сокини деҳаи Ҳушёри ин ноҳияи эксклав ё аз чаҳор тараф дар иҳотаи Қирғизистон мондаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Бегалӣ Болтаеви 90-сола.
Вай меафзояд, ки тӯли солҳои дароз вай ва ҳамсари шодравонаш наметавонистанд, ки ба хонаи духтаронашон, воқеъ дар шаҳри Душанбе, равуо кунанд.
— Бо он шиносномаи бидуни шаҳрвандӣ, ки мо дар даст дорем, марзи ноҳияи Сӯхро ба қасди ҷойҳои дигар тарк кардан имконнопазир аст, зеро ҷониби Қирғизистон намегузорад, ки бидуни раводиди ин кишвар мо марзи Сӯхро пас гузорему вориди қаламрави ин кишвари ҳамҷавор шавем, — иброз дошт ин мӯйсафед.
Бегалӣ Болтаев тазаккур дод, ки писари калони вай Рустам Болтаев низ аз ҳақи гирифтани чунин шиноснома маҳрум мондааст. Тавре ки Бегалӣ Болтаев гуфт, ба наздикӣ аз беэҳтиётӣ пойи писараш шикаст ва онҳо натавонистанд, ки Рустамро ба бемористони маркази вилоят интиқол диҳанд. Тамоми роҳҳо ба рӯи онҳо баста буданд ва иҷборан аз маркази вилоят пизишкони шикастабандро ба ноҳияи Сӯх даъват карданд.
— Агар аз балои беҳуқуқӣ наҷот ёбем, дар ҳақи Шавкат Мирзиёев то нафаси охир дуои нек хоҳам кард, — мегӯяд Бегалӣ Болтаев.
Ногуфта намонад, ки вай ними ҳаёти фаъолияти худро барои соҳаи маорифи Тоҷикистон бахшидааст, вале охири солҳои ҳафтодум ба деҳааш — Ҳушёри ноҳияи Сӯх баргаштааст. Зимни иваз кардани шиносномаҳо дар авоили солҳои навадум танҳо бар асари беаҳамиятӣ вай бидуни шиносномаи шаҳрвандии Ҷумҳурии Ӯзбекистон мондааст. Бегалӣ Болтаев гуфт, ки писараш Рустам риштаи иқтисоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм карда, чанд сол дар хоҷагии ҷамоавии “Ҳушёр” ба ҳайси иқтисодчӣ кор кардааст. Аммо рӯзе ду нафар омаданду шиносномаи шаҳрвандиашро гирифта рафтанд ва баъди ҳафтае ба дасташ шиносномаи бидуни шаҳрвандиро супурданд. Ба ин тартиб, вай низ аз ҳуқуқи шиҳрвандии Ӯзбекистон маҳрум карда шуд.
Бино ба суханони Бегалӣ Болтаев ҳамсараш Тамарахола низ бо дарду ҳасрат ин дунёро падруд гуфт. Ба таъкиди мавсуф то дами марг ҳамсараш натавонист қаламрави ноҳияи эксклави Сӯхро тарк кунад ва дар беморхонаҳои маркази вилоят ё шаҳри Тошканд худро муолиҷа кунад.
Дар айни ҳол дар шаҳру ноҳияҳои гуногуни Ӯзбекистон ҳазорҳо нафар зиндагиву кор мекунанд, ки қаблан дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кору зиндагӣ машғул будаанд. Бархе аз онҳо солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ба Ӯзбекистон омадаанд ва ё ба манзури иқомат бо пайвандони худ ба ин кишвар баргаштаанд, аммо шиносномаи шаҳрвандӣ нагирифтаанд.
Мирасрор Аҳроров,
хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд