Дар ноҳияҳои Қубодиён ва Ҷайҳун ҷудошавии оилаҳо аз 8 то 12 ҳолат афзоиш ёфта бошад, бастани ақди никоҳ аз 120 то 230 ҳолат коҳиш ёфтааст.

Аз бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Ҷайҳун хабар доданд, ки дар 9 моҳи соли ҷорӣ дар ноҳия 88 оила ақди никоҳи худро бекор кардаанд, ки ин шумора нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 12 ҳолат зиёд мебошад.

— Аз шуомраи ҷудошавии оилаҳо дар ноҳияи Ҷайҳун 78 ҳолати он бо ҳалномаи суд ва 10 ҳолати дигар бо розигии ҳамсароне, ки фарзанди умумии ноболиғ надоранд, бекор шудаст, ки баъди он 47 кӯдак аз тарбияи падарони худ маҳрум монда, зери парастории модарон боқӣ монданд, — гуфтанд аз бахши мазкур.

Ҳамчунин, аз бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Қубодиён иттилоъ доданд, ки дар ин давра 101 оила ақди никоҳи худро бекор кардаанд, ки ин рақам нисбат ба ҳамин давари соли гузашта 8 ҳолат бештар аст.

— Аз ин шумора 86 ҳолати он бо ҳалномаи суд ва 15 ҳолати дигар бо розигии ҳамсароне, ки фпрзанд надоранд, бекор шуда, 110 кӯдак аз тарбияи падарони худ  маҳрум мондаанд, — қайд карданд аз бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳия.

Омилҳои пошхӯрии оилаҳоро аз ҳарду ниҳод ноомодагии ҷавонон ба ҳаёти мустақилона, хушунати хонаводагӣ, истифодаи нодурсти телефони мобилӣ ва дигар сабабҳо арзёби карданд.

Дар ҳарду ноҳия агар ҷудошавии оилаҳо зиёд шуда бошад,  бастани ақди никоҳ кам шудааст. Дар ноҳия Қубодиён 915 оила ақди никоҳ бастаанд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 231 ҳолат ва дар ноҳия Ҷайҳун 678 ҳолати бастани ақди никоҳ ба қайд гирифта шудааст, ки ин нисбати 9 моҳи соли 2019-ум 121 ҳолат кам мебошад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here