Ситоди ҷумҳуриявии пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус — COVID-19 имрӯз аз 15 ҳолати гирифтории шаҳрвандони Тоҷикистон ба ин вирус хабар дод ва аз ҳатмӣ будани истифодаи ниқобҳои тиббӣ барои аҳолӣ қарор қабул кард.

АМИТ “Ховар” хабар дод, ки имрӯз таҳти раёсати сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон,  раиси Ситоди ҷумҳуриявии пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус Қоҳир Расулзода  ҷаласаи навбатии  Ситод баргузор  гардид.

Дар ҷаласа таъкид гардид, ки тибқи маълумоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 29-уми апрели соли 2020-ум 15 ҳодисаи тасдиқшудаи бемории сироятии коронавирусии CОVID-19, аз ҷумла, 10 (даҳ) ҳодиса дар вилояти Суғд ва 5 (панҷ) ҳодиса дар шаҳри Душанбе аз намунаҳои биологии ҳодисаҳои гумонбар  ба қайд гирифта шудаанд.

Бо назардошти ин вазъ Ситод ба пӯрзур намудани тадбирҳои зидиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва паҳншавии сирояти нави коронавирус ( CОVID-19) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқи мавҷудияти бемории сироятиро расман эълон кард.

Дар хабар гуфта мешавад, ки шӯруъ аз 1 феврал ба ҳолати субҳи рӯзи 30 апрели соли 2020 дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади муаяйн ва ошкорсозии сирояти коронавирус 10937 нафар шаҳрванди дохилию хориҷӣ ба қарантин фаро гирифта шудаанд, ки аз ин шумора то имрӯз 8438 нафар дар ҳолати муътадил ва солим ба хона ҷавоб дода шудаанд.

Ҳамзамон, айни ҳол дар муассисаҳои табобатию профилактикии ҷумҳурӣ зиёда аз 2000 нафар таҳти муоина ва назорати табибон қарор доранд. Дар таърихи 29-уми апрели соли 2020  аз муассисаҳои тиббӣ 304 нафар ҷавоб дода шудаанд.

Бо қарори Ситод барои донишҷӯёни курсҳои 1, 2 ва 3-и муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар аз худ  шудани барномаҳои  таълимӣ аз 4-уми майи соли 2020 таътили тобистона эълон карда шуд. Имтиҳоноти тобистонаи ин донишҷуён аз рӯйи рейтингҳои якум ва дуюм ҷамъбаст ва баҳогузорӣ карда мешавад.

Барои хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбасти интиҳоноти давлатии хатм то 15-уми майи соли 2020 пешбинӣ шудааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here