Дар деҳаи Бойтудашти ҷамоати деҳоти Нури Ваҳдати ноҳияи Панҷ аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ сохтмони муассисаи таьлимӣ барои 300 хонанда дар ду баст оғоз гардидааст.
Раиси ин ноҳия Муҳаммадюунус Сайфиддин ба намояндагони ВАО гуфт, ки ба ҷуз ин дар соли гузашта 6 синфхона барои 150 нафар дар як баст сохта шуда, айни замон сохтмони 4 синфхона бо маром идома дорад.
Раиси ноҳия гуфт, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба соҳаи маориф таваҷҷуҳи хоса намуда, беш аз 70 дарсади даромади буҷут ба ин соҳа равона карда шудааст.
Инчуни,н гуфта шуд ҳоло, бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар сохтмони 131 иншоот ба нақша гирифта шудааст, ки аз ин 11 иншоот сохта ба истифода дода шудааст.
— Аз ин иншоот 9 адади он муассисаи таьлимиву кӯдакистон ва 4 корхонаи хурди истеҳсолӣ мебошанд, — зикр кард раиси ноҳия.
Раҳмоналӣ Додархӯҷаев