Имрӯз бахшида ба 29-умин солгарди хурӯҷи артиши Шӯравӣ аз хоки Афғонистон, дар шаҳри Панҷакент ҳамоиш баргузор гардид.

Ин ҷамъомад дар қисми ҳарбии 07150-и Вазорати мудофиаи ҶТ дар шаҳри Панҷакент, баъди гузоштани гулчамбар дар пояи санги хотирот барои гузаштагони ҷанги Афғонистон доир шуд.

Намояндагони ҳукумати маҳаллӣ, ШВКД дар Панҷакент, намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ, хонандагони мактаб дар ҷамъомади мазкур иштирок карданд.

Ҳамоишро муовини раиси шаҳри Панҷакент Зайнура Азимӣ оғоз намуда, афзуд, ки солҳои 80-ум беш аз 260 нафар ҷавонони шаҳру деҳоти Панҷакент дар хоки Афғонистон адои хидмат намуданд, ки ба ҳангоми амалиётҳо 6 нафари эшон ҷони худро аз даст доданд.

Баъд аз бозгашт, беш аз 30 нафар бар асари захмҳое, ки дар набардҳои Афғонистон бардошта буданд, тӯли ин 29-сол вафот карданд.

Хонум Азимӣ афзуд, қаҳрамонон намемиранд халқ ватан он ин қаҳрамононро ҳамеша ёд хоҳанд кард.

Ҳамчунин дар ин ҳамоиш чанд нафар ба сухан баромада, аз корнамоиҳову ҷонфидоиҳои қаҳрамонони ҷанги Афғонистон сухан гуфта, ҷанговарон хотироти хешро қисса карданд.

Яке аз ширкатдорони набарди Афғонистон рӯзноманигор Шоҳин Облоқулзода, солиёни чанд дар набардҳо буд, оиди ҳаводиси ин давлат дар тӯли ин солҳо қиссаҳо намуда, ҳамяроқони хешро, ки сиҳату саломат ба Ватан баргаштанд, шодбош намуд.

Раиси Шӯрои ҷанговарони интернатсионалист Алибой Баротов дар охир аз номи Шӯро кулли мушорикинро бо ин рӯзи таърихӣ табрик намуда, афсарону сарбозони қисми ҳарбии мазкурро барои ширкаташон ва хидматҳояшон изҳори миннатдорӣ намуд.

Дар поёнии ин ҳамоиш ҳозирин ба як пиёла чой ва таъоми сарбозӣ даъват шуданд.

Собиқадарони ҷангу меҳнат рӯ ба сарбозон оварда гуфтанд, ки мо ҳам замоне чун шумо сарбоз будем ва инак дар паси мизи ошхонаи сарбозиятон имрӯз нишаста, он рӯзҳои хидмати сарбозиямон ёдамон омад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here