Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо як қарори худ қитъаи замине, ки дар он «Бозори Шоҳмансур» ҷой дошт, давлатию ҷамъиятӣ карда, ба қатори заминҳои захиравии шаҳр ворид кардааст.

Бо мақсади  татбиқи нақшаи генералии шаҳри Душанбе  моҳе  қабл Корхонаи воҳиди давлатии «Бозори Шоҳмансур»   барҳам дода шуд. Дар ин  замина  қитъаҳои замини ҳудуди бозори собиқ ва  атрофи он, воқеъ  дар кӯчаҳои Н.Муҳаммад, А. Лоҳутӣ ва Х.Деҳлавӣ, ба эҳтиёҷоти давлатию ҷамъиятӣ гирифта  шуда,  ба соҳибмулкон  ҷуброни зарари амволи иншооти бартарафшаванда  пардохт мегардад.

Дар асоси қарори раиси шаҳр  ҳуқуқи истифодаи қитъаҳои замини мазкур бинобар зарурати эҳтиёҷоти давлатию ҷамъиятӣ қатъ гардонида шуда, қитъаи замин дар масоҳати 4,3 гектар ба фонди заминҳои захиравии шаҳри Душанбе дохил карда шудааст.

Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмони асосӣ»-и  шаҳри Душанбе,   мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур  бо КВД Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотӣ ва лоиҳакашии «Душанбешаҳрсоз» ҷиҳати бартарафсозии иншооти  мазкур вазифадор гардидаанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here