Дар ноҳияи Носири Хусрави вилояти Хатлон 27 нафар, ки бо нишонаҳои бемории илтҳоби шуш (пневмония) ва коронавирус бистарӣ гардида буданд, ҳамагӣ аз беморхона рухсат шуданд.
Бино ба иттилои муовини раиси ноҳияи Носири Хусрав Азимзода Машҳура аз моҳи апрел дар беморхонаи марказии ноҳия 27 нафар гирифтори бемории илтҳоби шуш ва коронавирус бистарӣ гардида буданд, ки имрӯз 27-уми май охирин беморон пас аз шифо ёфтан ба хонаҳояшон рухсат шудаанд.
— Муроҷиати шаҳрвандон аз гирифторшави ба бемории илтиҳоби шуш ва коронавирус тайи чанд рӯзи охир тамоман ба қайд гирифта нашудааст, — илова кард ӯ.
Манбаъ иттилоъ дод, ки аз ҷониби роҳбари давлат ба табибону беморони ноҳияи Носири Хусрав шаш адад мошини боркаш бо маводи ғизоӣ ва тиббӣ кумак карда шуд, ки аз он 5 мошин дар ҳаҷми 36 тонна маводи ғизоӣ ва 1 мошини бо маводи доруворӣ буда, инчунин, як адад дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ ба беморхона дастрас шуд.
— Аз ҷониби ташкилоти “Каритас” 36 ҳазор сомонӣ, ширкати “Исмоли Сомонӣ” 5 ҳазор сомонӣ ва аз ҷониби 120 нафар соҳибкор маводи хурокворӣ, доруворӣ ва дигар кумакҳо расонида шуд, — зикр кард Азимзода Машҳура.
Дар ҳамин ҳол, сардори Раёсати тандурустии вилояти Хатлон Раҷабзода Мирзоалӣ иттилоъ дод, ки ҳоло дар беморхонаҳои вилояти Хатлон 262 нафар гирифтори бемории илтиҳоби шуш бистарӣи мебошанд.
— Танҳо дирӯз, 26-уми май, 63 нафар бемор аз беморхонаҳо баъди шифо ёфтанашон ба хонаҳояшон рухсат шуданд. Муроҷиати шаҳрвандони гирифтор ба бемории илтиҳоби шуш дар вилоят дар ҳоли камшавист, — қайд кард манбаъ.