Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар чор моҳи соли 2019-ум 52 оила ақди никоҳи худро бекор кардаанд, ки ин рақам нисбати ҳамин давраи соли гузашта 1 адад зиёд аст.

Сабабҳои ҷудошавии оилаҳоро дар ноҳияи мазкур мудири бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳия Зуҳро Бобозода истифодаи телефони мобилӣ аз тарафи келин, муҳоҷирати меҳнатӣ, бефарзандӣ ва дахолати волидон ба ҳаёти шахсии навхонадорон арзёбӣ кард.

Манбаъ гуфт, дар ин давра ду оила, ки барои бекор кардани ақди никоҳи худ муроҷиат карда буданд, бо корҳои фаҳмондадиҳӣ барқарор карда шуданд.

— Рӯзҳои наздик ду оилаи дигар, ки бояд ақди никоҳи худро бекор мекарданд, барқарор хоҳанд шуд,- илова кард мудири бахши мазкур.

Зикр шуд, ки баъди пошхурии 52 оила дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ 40 кӯдак аз тарбияи яке аз волидони худ маҳрум мондаанд.

1 бинависед

  1. Ташаккури зиёд мудири мухтарама Бобозода мо шодем ки чунин мудири окила ва доно дорем

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here