Як зан дар таваллудхона фарзанд ба дунё оварда, онро ба зани дигар фурӯхтааст. Аз ин кирдори ду нафар кормандони милитсия бохабар шудаанд.

Дар ин бора маркази матбуоти ВКД хабар дода мегӯяд, ки ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 25-солаи сокини ноҳияи Муъминобод, бо гумони хариду фурӯши ноболиғ дастгир карда шудааст. Номбурда, 9-уми июни соли 2019, дар таваллудхонаи марказии шаҳри Кӯлоб тифли навзоди ҷинсаш мард таваллуд карда, бо маслиҳати пешакӣ бо зани 44-солаи сокини ноҳияи Восеъ тифли навзодашро фурӯхтааст. Тифдро ба маблағи 1050 сомонӣ зани 57-солаи сокини ноҳияи Муъминобод харидааст.

Гуфта мешавад, ки аз рӯйи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, корҳои тафтишотӣ идома дорад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here