Дар Минск воҳиди махсуси сайёр (ОМОН) ба ҷониби одамоне, ки аз айвони хонаҳояшон бо эътирозгарон сӯҳбат мекарданд, оташ кушод. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо мошини полиси роҳ ва ду автобуси сиёҳшиша омадаанд. Шаби гузашта кормандони Вазорати корҳои дохилии Беларус дар Брест низ ба сӯи тазоҳуркунандагон оташ кушоданд.
Дар Минск, дар хиёбони Дзержинский, милисаҳо ба ҷониби одамоне, ки дар айвонҳои умумӣ истода, бо тазоҳургароне суҳбат мекарданд, ки ҳаракати нақлиётро баста буданд, тир кушоданд.
Бино ба иттилои расонаҳои маҳаллӣ, ин ҳодиса рӯзи чоршанбе, 12-уми август, рух додааст.
— Корманди БДА ва ду автобуси сиёҳшиша аз самти муқобили роҳ баромаданд. Кормандони амният аз он берун омада, ба ҷониби айвонҳо нишон гирифтанд. Садои тирпаронӣ шунида шуд”, — қайд мекунад Onliner.
Ба иттилои ВКД ба ҳаво кушодани тирҳои огоҳӣ пеши роҳи тазоҳургаронро нагирифтааст. Нерӯҳои амниятӣ маҷбур шуданд, ки барои ҳифзи ҳаёт ва саломатӣ чораҳои шадид андешанд. Дар натиҷа, яке аз ҳамлагарон захмӣ шудааст.
Ғайр аз ин, дар вилояти Брест, шахси номаълум ба мошини полис коктейли Молотов партофтааст. Дар Жодин, дар наздикии Минск, як ронанда бо мошин ба хизматчии ҳарбӣ бархӯрда, ғайб задааст.
Тавре дар департамент қайд гардид, дар як рӯз дар маҷмӯъ 14 корманди полис ва хизматчии Қӯшунҳои дохилӣ ҷароҳатҳои гуногуни вазнини ҷисмонӣ бардоштанд, баъзеи онҳо дар беморхона бистарӣ шуданд.
Дар ҳамин ҳол, дар Беларус флешмоби ба партов андохтани либосҳои ҳарбӣ ба роҳ монда шудааст. Одамоне, ки дар сафи гуруҳи зудмамал хидмат кардаанд, ё ҳоло мекунанд, аз он ки ин гуруҳ ба мардум зулм мекунад, норозигӣ карда, либосҳои хидматиро ба партов андохтаанд. Онҳо бо ин роҳ гуфтанианд, ки бо мардум ҳастанд.