Дар Тоҷикистон ҳаво номусоид шуда, бориши сахт ва фаромадани тарма дар назар аст. Дар ин бора Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати кишвар иттилоъ медиҳад. 

Бино ба иттилои манбаъ, рӯзҳои 30-31 январ дар водиҳо боридани борон ва дар минтақаҳо бориши барф дар назар аст.

«Рӯзҳои 30 то 31 январ дар кишвар ҳавои ноустувор дар назар буда, дар водиҳо борон ва дар минтақаҳои кӯҳӣ барф дар назар аст», — иттилоъ медиҳад манбаъ.

Инчунин, дар минтақаҳои алоҳидаи кӯҳии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва доманакӯҳҳои вилояти Хатлон бориши сахт ба амал меояд. Дар минтақаҳои кӯҳии ноҳияҳои тобеи кишвар ва дар ғарби ВМКБ тармафароии хатарнок дар назар аст.

Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сокинон ва меҳмонони кишвар дар ин рӯзҳо эҳтиёткор буданро тавсия медиҳад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here