Ҳар сокини вилояти Хатлон аз рӯйи меъёр бояд дар як сол 78 килограмм орд истеъмол намояд, аммо онҳо ҳоло дар як сол 126 килограммӣ орд истеъмол мкуаанд, ки ин аз меъёр 48 килограмм зиёд аст.
Аз Сарраёсати омори вилояти Хатлон иттилоъ доданд, ки то 1-уми сентябри соли 2019 шумораи аҳолии вилоят 3 миллиону 274 ҳазору 900 нафарро ташкил медиҳад. Ба ҳисоби миёна, бояд аз рӯйи меъёр дар як сол ҳар сокини вилоят 78 килограмм орд истеъмол кунад, аммо тибқи ҳисобот сокинони вилоят дар як сол 126 килограмм орд истеъмол мекунанд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки истеъмоли орд аз тарафи аҳолии вилоят дар як сол 48 килограмм зиёд аст.
Ба итттилои расида аз ин ниҳод, дар ин баробар аз рӯйи меъёр бояд ҳар сокини вилоят дар як сол 44,8 килограм гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ истеъмол кунад, вале сокинони вилоят ҳоло дар як сол 13,8 килограмм гӯшт истеъмол мекунанд, ки 31 килограмм аз меъёр кам аст.
Ба маълумоти оморӣ дар ин баробар истеъмоли маҳсулоти полезӣ, мевагиҳо, шир ва маҳсулоти ширӣ, тухм, қанд ва маҳсулоти қаннодӣ, картошка, карам, пиёз, сабзӣ ва помидору бодиринг аз тарафи сокинони вилоят кам шудааст, аммо истеъмоли лӯбиёгиҳо, биринҷ ва равағани пахта афзудааст.