Дар 11 моҳи соли равон  ба Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Хатлон ва шуъбаҳои он дар шаҳру ноҳияҳо 36 ҳазору 22 нафар муроҷиат кардаанд, ки аз онҳо 22 ҳазору 26 нафарашон бо ҷойи кори доимӣ, мавсимӣ ва муваққатӣ таъмин шудаанд.

Ба иттилои расида аз раёсати мазкур, ҳамчунин, дар ин давра ба 4 ҳазору 922 нафар бекори дар қайди мақомоти агентӣ буда кумакпулӣ таъйин гардида, ба 3065 нафар кумакпулӣ ба маблағи 1,7 миллион сомонӣ пардохт карда шудааст.

Дар ин баробар, 6330 нафар хоҳишманд барои гирифтани ихтисосҳои гуногун ба курсҳои кӯтоҳмуддат фаро гирифта шуданд.

Дар вилояти Хатлон дар 11 моҳи соли равон 285 маротиба намоиши ҷойҳои кори  холӣ ва вазифаҳои озод баргузор карда шудааст, ки тариқи баргузории он 3879 нафар ба кор роҳхат гирифта, аз онҳо 3391 нафарашон бо ҷойи кори доимӣ,  мавсимӣ ва муваққатӣ таъмин шудаанд. Инчунин, 509 нафар ба касбомӯзӣ, 320 нафар ба корҳои ҷамъиятии музднок сафарбар карда шуданд.

Дар умум, бо баргузории намоишҳо 6220 нафар ба шуғл фаро гирифта шудаанд.

Бо мақсади ривоҷу равнақи соҳибкорӣ ба 884 нафар шаҳрванди бекор, ки дар қайди мақомоти шуғли аҳолӣ мебошанд, қарзҳои имтиёзнок ба маблағи 3,0 миллион сомонӣ дода шудааст, ки аз ин шумора 254 нафар дар соҳаи ҳунарҳои мардумӣ фаъолият дорад, гуфтанд аз ин Раёсат.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here