Айни замон дар вилояти Хатлон 119 муассисаҳои таълимӣ дар мавзеҳои хавфнок ҷой доранд, ки дар онҳо  56 ҳазору  332 хонанда таълим мегиранд. Дар ин бораи зимни нишасти хабарии Ситоди ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилояти Хатлон хабар доданд.

Дар нишаст гуфта шуд, ки аз 119 мактаби дар мавзеъҳои хатарнок ҷойдошта, 70 адади он дар минтақаи Кӯлоб мебошанд.

— Ин мактабҳо марҳила ба марҳила аз ҷойҳои хавфнок ба ҷойҳои бехавф кӯчонида мешаванд, — илова кард масъули ситоди вилоят Вафо Ашуров.

Иттилоъ дода шуд, ки дар умум дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ҳоло 401 минтақаи хафнок ба қайд гирифта шудаанд, ки ба ин минтақаҳо асосан омадани сел, ярҷ, обхезӣ ва дигар ҳодисаҳои табиӣ таҳдид мекунанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here