Хадамоти фармоиши таксии “Максим” хизматрасонии навро ба роҳ монд, ки бо истифода аз он борҳоро аз як суроға ба суроғаи дигар фиристодан, ё аз ронанда хоҳиш намудани харидани ягон маҳсулот аз мағоза имконпазир аст. Нархи хизматрасонӣ пешакӣ маълум мебошад.

Ин хизматрасониро тавассути барномаи мобилии “Максим” фармоиш додан мумкин аст. Барои ин суроғаи гирифтани бор ва суроғаи таҳвилро нишон дода, дар хоҳишҳо ба фармоиш зарурати ёрии ронандаро қайд намудан лозим мебошад. Инчунин дар эзоҳот бори зарурии таҳвилшавандаро навиштан мумкин аст. Нархи сафар аз рӯи хатсайри нишондодашуда бо назардошти иловапулӣ барои ёрии ронанда ҳисоб карда мешавад

Хизматрасонӣ ҳангоми аз мағоза таҳвил додани маҳсулоти зарурӣ низ ба кор меояд. Барои ин дар хоҳишҳо ба фармоиш рӯйхати маҳсулоти зарурӣ ва нархи тахминии онро навиштан лозим аст. Ронанда маҳсулоти заруриро аз ҳисоби худ харида, ба назди фармоишдиҳанда меорад ва барои гирифтани маблағи сарфкардааш чекро пешниҳод менамояд.

Хизматрасонии нав на танҳо барои сокинони Тоҷикистон, ки одатан аз мағоза овардани маҳсулот, гирифтани хӯроки фармоишдода ё аз як суроға ба суроғаи дигар кашондани борҳоро хоҳиш менамоянд, маъмул аст. Бисёр вақт аз хадамоти “Максим” ширкатҳое низ истифода мебаранд, ки хизматрасонии таҳвили маҳсулоти худро пешниҳод менамоянд, ба мисли: қаҳвахонаю тарабхонаҳо, корхонаҳои қаннодӣ, мағозаҳои гулфурӯшӣ.

Ба ғайр аз Душанбе, таҳвилро дар Хуҷанд ҳам фармоиш додан мумкин аст. Дар он ҷо фармоиш ба воситаи барнома ва тавассути рақами телефон ба расмият дароварда мешавад.

Таҳвил барои онҳое қулай аст, ки бевосита борҳоро фиристода наметавонанд, аз мағозаи даркорӣ дуртар зиндагӣ мекунанд ё ба ягон сабаб ба он дастрасӣ надоранд. Ин хизматрасонӣ ба гурӯҳи камҳаракати аҳолӣ, ки аз хона баромадан барояшон мушкил аст, хеле муфид мебошад. Ба таъкиди ширкатҳои фармоишдиҳанда, барои онҳо истифодаи хизматрасониҳои хадамоти “Максим” аз доштани борбарҳо беҳтар будааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here