Ҳукумати шаҳри Душанбе бинобар оғоз гардидани марҳилаи дуюми корҳои сохтмонӣ дар роҳи автомобилгарди хиёбону кӯчаҳои Исмоили Сомонӣ, Сино, Нусратулло Махсум, Баҳоваддинов ва Маяковский ҳаракати воситаҳои нақлиёти автомобилиро тавассути ин кӯчаҳо аз 26-уми феврали соли 2018 манъ кард.

Ҳаракати нақлиёт тавассути кӯчаҳои шафат ба роҳ монда мешавад. Масалан, афтобуси рақами 8 минбаъд аз кӯчаи Калинин ва шафати Боғи ҳайвонот мегузарад.

Гуфта мешавад, пайкараи Абӯалӣ Сино, ки дар ин чорроҳа ҷойгир аст, ба ҷойи дигар кӯчонида мешавад, зеро дар ҷойи он роҳи зеризаминӣ бунёд хоҳад шуд. Дар ин қисмати роҳ дарахтони канори он ба шумораи тақрибан 3 ҳазор бех барканда мешаванд. Ҳамчунин, чанд нуқтаи хурди савдо низ тағйири макон мекунанд.

Чунин роҳи сеқабата дар маҳаллаи 82-юм охири моҳи июли соли 2016 аз ҷониби ширкати чинии Xinjiang Beixin Road & Bridge Group Co Ltd оғоз гардида буд, ки имсол бояд ба истифода дода шавад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here