Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо як қарори худ аз таъсис додани Муассисаи давлатии «Боғи фарҳангӣ-фароғатии «Ҷавонон»-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар дод.
Ин қарор ҳанӯз 29-уми декабр имзо шудааст, аммо дирӯз расонаӣ шуд. Дар он гуфта мешавад, ки бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои истироҳату фароғати шаҳрвандон, меҳмонон ва сокинони пойтахт мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти ҳокимияти давлатӣ», моддаи 132 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон Муассисаи давлатии «Боғи фарҳангӣ-фароғатии «Ҷавонон»-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе таъсис дода, Оиннома, басти воҳидҳои корӣ, фонди музди меҳнати роҳбарият ва кормандон, низомнома дар бораи ҳавасмандгардонии ҳайати роҳбарикунанда ва кормандони он тибқи замимаҳои 1, 2 ва 3 тасдиқ карда шаванд.
Сохтмони он аз ҳисоби маблағҳои буҷети шаҳр маблағгузорӣ хоҳад шуд.