Бештари донишҷӯёни хориҷии Донишгоҳи техникиро шаҳрвандони Ӯзбекистон ташкил медиҳанд. Дар ин бора ректори ин донишогоҳ Одиназода Ҳайдар зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.  

“Дар соли таҳсили 2018-2019 нишондиҳандаи қабули шаҳрвандони хориҷӣ ба донишгоҳ зиёд гардид. Ва айни замон шумораи онҳо беш аз 200 нафаро ташкил медиҳанд, ки аксари онҳо шаҳрвандони Ҷумҳурии Ӯзбекистон маҳсуб меёбанд”, -гуфт ректор.

Бино ба гуфтаи Одиназода Ҳайдар, инчунин донишгоҳ нақша дорад, ки шумораи донишҷӯёни хориҷиро зиёд кунад.

Тибқи иттилои манбаъ, дар соли 2018 Комиссияи қабули Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Осимӣ тибқи муқаррароти пешниҳодгашта қабули 2758 нафар довталабонро аз рӯйи 82 ихтисос роҳандозӣ намуд.

Гуфта мешавад, ки дар умум ба донишгоҳ соли равон 2991 нафар донишҷӯ қабул карда шуданд, ки аз онҳо 2445 нафар тариқи шартномавӣ ва 546 нафар аз ҳисбоби буҷа ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here