Дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода 381 нафар шаҳрванди хориҷӣ таҳсил доранд. Дар ин бора имрӯз, зимни нишасти хабарӣ ректори ин донишкада Маҳмадулло Раҷабзода иттилоъ дод.
Дар донишкада 381 нафар шаҳрванди хориҷӣ таҳсил доранд. Инчунин, 31 нафар донишҷӯи донишкада ҷиҳати идомаи таҳсил ба хориҷи мамлакат сафарбар шуданд.
Дар ин замима 11 нафар шаҳрванди хориҷӣ дар донишкада ба фаъолияти омӯзгорӣ машғул гардиданд.
Дар заминаи магистратура, аспиратура ва докторантура аз рӯи ихтисос (PhD), айни замон 6 нафар, 2 нафар дар Ҷопон, 1 нафар дар Ҳиндустон ва 3 нафар дар Федератсияи Русия ба таҳсил ва корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ машғул мебошанд.
Ҳамзамон, донишкада бо 50 муассисаи таҳсилоти олӣ -касбӣ ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ робитаҳои судмандро ба роҳ мондааст.