Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои граждании Суди шаҳри Душанбе нимаи дуюми рӯзи 15-уми ноябр шикояти кассатсионии 12 нафар роҳбаладони ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр»-ро, ки аз болои қарори суди зинаи аввал, яъне ҳалномаи Суди ноҳияи Шоҳмансури Душанбе оварда буданд, қонеъ кард.

Ин суд санади судии суди зинаи аввалро бо сабаби риоя нашудани талаботи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми аз кор озодкунӣ ва дигар меъёрҳои қонуни мурофиавӣ бекор карда, парвандаро барои моҳиятан ва дуруст баррасӣ  намудан ба баррасии нави судӣ, ба ҳамон суд ирсол кард.

Қаблан даъвогарон дар муроҷиат ба расонаҳои кишвар гуфта буданд, ки роҳбарияти ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» бо баҳонаи мушкилоти молӣ музди меҳнати 73 нафар кормандро то 60-65 дасад кам кардааст. Ба қавли онҳо,  сабаби қатъ кардани қарордодҳои меҳнатӣ бо 14 нафар роҳбалад аз миёни 73 корманд ин изҳори норозигии онҳо ба фармонҳои директори генералии ҶСК «Тоҷик Эйр» Хайрулло Раҳимов  «Оид ба тағйир додани шартҳои пардохти музди меҳнат», «Дар бораи ба рухсатии бемузд фиристодани кормандони ҶСК «Тоҷик Эйр» ва аз ҳама асосияш муроҷиат ба унвони Президенти кишвар дар хусуси мусоидати барқарор кардани ҳуқуқҳои онҳо ва шароити қаблии меҳнатиашон, будааст.

Бино ба гуфтаҳо, маҳз чунин амали роҳбаладон барои талаби ҳаққи ҳалолашон боис шудааст, ки роҳбари ширкати «Тоҷик Эйр» бо онҳо хусумат бигирад ва онҳоро аз кор бе асоси қонунӣ ронад.

Ба андешаи роҳбаладон, пас аз ғайриқонунӣ қатъ намудани қарордоди меҳнатиашон  дар рӯзи 26-уми майи соли равон, онҳо барои бекор кардани фармонҳои корфармо, барқарор кардан ба ҷойи кори пештара, рӯёнидани музди меҳнати давраи ноилоҷ ба кор набаромадан, рӯёнидани зарари маънавӣ ва хароҷотҳои иловагӣ нисбати ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» ба Суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бо аризаи даъвгиӣ муроҷиат карда буданд.

Дар навбати худ роҳбарияти ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» низ роҳбаладонро барои паҳн кардани маълумоти беасос ва дигар сирҳои корхона зимни муроҷиат ба унвони Президенти Тоҷикистон ва расонаҳои чопӣ, ки боиси паст задани шаъну шарафи ширкат шудаанд, гунаҳгор донистанд.

Ҳамин тавр, санаи 21-уми августи соли равон судяи Суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Ҷӯрахонзода М. Ҷ. парвандаи гражданӣ бо даъвои 12 тан аз роҳбаладони ширкати «Тоҷик Эйр»-ро рад карда, қарорҳои роҳбарияти ширкатро дар хусуси аз кор озод кардани роҳбаладонро ҷонибдорӣ намуда буд.

Шамсулло Фозилов

Акс аз сомонаи vk.com

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here