Мансур Мақсудӣ, шавҳари қаблии Гулнора Каримова даъво дорад, ки қисме аз дороии духтари президенти пешини Ӯзбекистон, ки дар бонкҳои Швейтсария ҳабс шудааст, ба ӯ баргардонида шавад. Дар ин бора ӯ рӯзи 16-уми январ дар мусоҳиба бо нашрияи швейтсарии «Der Bund» иттилоъ додааст.

Тибқи иттилои нашрия, Мансур Мақсудӣ ҳамроҳ бо бародараш Фарид талош доранд, ки аз 100 то 800 миллион франки ҳабсшударо ба даст оранд.

Гулнора Каримова соли 1991 бо Мансур Мақсудӣ издивоҷ карда, онҳо аз ин издивоҷ соҳиби ду фарзанд ҳастанд. Гулнора ва Мансур соли 2001 аз ҳам ҷудо шудаанд.

«Ҳангоми талоқ ҳамаи дороии Мансур ва Фарид дар Узбекистон мусодира шуд. Саҳми онҳо дар ширкати Coca-Cola Bottlers Uzbekistan ба ширкати швейтсарии Zeromax дода шуд», — менависад Der Bund.

«Хонаводаи мо иҷозат намедиҳад, ки ин (дуздӣ) бе ҷазо монад. Ва ҳамаи онҳое, ки заррае дар ин кор даст доштанд, посухгӯ мешаванд», — гуфтааст Мансур Мақсудӣ.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here