Қишри ниёзманди ҷомеа дар айни хурӯҷи COVID- 9 дар чӣ вазъ буданд? “Болои сӯхта намакоб” – бо шароити танги иқтисодӣ онҳо боз бо чӣ ранҷу азоб рӯ ба рӯ шуданд ва ҳамзамон ризқу рӯзиашон аз кадом ҳисоб буд? Ин суолҳоест, ки дар доираи ин матлаб кӯшиши посух ёфтан кардем. 

Раҳимҷон Мадалиеви 53-сола, сокини ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аст. Ӯ нобиност. Мустақилона роҳ гаштан наметавонад ва доим ба раҳнамун ниёз дорад. Вай ба бемории короновирус гирифтор нашудани худро дар он медонад, ки  хеле кам ба кӯча баромадааст. Раҳимамак дар ин давра бекор нанишаста, мувофиқ ба тавоноияш шуғле ёфтааст.

— Ман нобино ҳастам. Бештар хонашинам. Фарзанд надорам. Ҳозир бо ҳасари дуюмам зиндагӣ дорам. Ҳамсарам маро як-як ба тамошо мебарорад, ё ҷойе рафтанӣ шавам, ҳамроҳӣ мекунад. Шуғли ҳаррӯзаам тоза кардани пахта аст. Дар ҷоям нишаста, чигити пахтаро тоза мекунам. Вақте 3 кило пахтаро тоза кардам, то 15 сомонӣ фоида мегирам. Дигар манбаи даромад надорам, — афсурдаҳолона мегӯяд ӯ.

Раҳимамак, бо вуҷуди он ки манбаи даромади доимӣ надорад, барои ҳалли масъалаи ҷойи зист даводави судӣ дорад.  Ӯ ғамгин аз он аст, ки аз ягон ҷониб дастгире намебинад. Вай зимни суҳбат бо мо чунин арз кард: “Ман як шикоят дорам. Ҳамроҳи ҳамсарам дар хонаи очаам будубош дорем. Зани додарам моро зистан намемонад.  Ӯро ба суд додам, лекин намедонам, ки кай қарори он мебарояд”.

Қаҳрамони мо бовар дорад, ки суд қарори одилона мебарорад ва ӯ дар ин замони короновирусӣ аз ҷойи гарм ва хонадони бобоӣ маҳрум намемонад. Раҳимамак муҳтоҷи дастгирии саховатмандон аст.

Қаҳрамони дигари мо Зулфия Солибоева, сокини маҳаллаи Ваҳдати шаҳри Хуҷанд, аст. Ӯ  низ шароити вазнин дорад. Вай хурсанд аст, ки дар айни хурӯҷи короновирус ин бемориро пушти сар кардааст. Ӯ саргузашташро чунин қисса кард: “Ман дар як ташкилоти ҷамъиятӣ корманди иҷтимоӣ шуда кор мекунам. Кори ташкилоти мо доимӣ нест, онҳо аз рӯйи лоиҳа кор мекунанд, вақте лоиҳа нест, кор ҳам нест. Шукр мекунам, ки 4 фарзанд дорам. Шавҳарам мардикор шуда кор мекунанд. Кори он кас ҳам як рӯз мешавад, як рӯзи дигар не, бепул меоянд. Нав бо ёрии як шинос соҳиби замин шудем, шароитамон хеле вазнин аст. Ҳамаамон дар як хонаи нав сохтаамон мешинем. Ин хона  ба талобот мувофиқ нест. Ман ҳам бемории коронавирусро аз сар гузаронидам. 9 рӯз таби баланд доштам. Охир тоқат накарда, ёрии таъҷилӣ ҷеғ задам. Онҳо ёрии аввалияро расонда, гуфтанд, ки аввал шушамро рентген, баъд ба духтури оилавӣ муроҷиат кунам. Фардои ҳамон рӯз ҳамроҳи духтарчаам ба беморхонаи шаҳрӣ рафтам. Ҳамоно табам баланд буд. Шушамро рентген кардаму натиҷаашро ба дармонгоҳи №1-и шаҳр пеши духтури оилавӣ овардам. Худамро беҳол ҳис мекардам, ногоҳ аз по ғалтидам… Сонӣ, ёрии таъҷилӣ омад. Маро ба беморхонаи шаҳри Бӯстон, ки ҷойи холӣ доштааст, бурданд.  Додарам доруҳои сулфа (гипарин ва капилаг бронха)-ро оварду дигар ҳама доруҳоро аз беморхона доданд. Ҳозир фарши хонае, ки ман бо фарзандон мешинам, аз семент аст. Аз ҳамин ҳисоб, кӯдаконам бемор шуда, дар шаб зуд-зуд пешоб мекунанд. Дилам зиқ аст, барои сохтмон ба ёрӣ ниёз дорам”.

Феълан дар шаҳри Хуҷанд чанд маркази хайриявӣ фаъолият доранд, ки яке аз онҳо Маркази хайриявии “Эҳсон” аст.  Ин марказ ба Раҳимамаку Зулфияапа барин ниёзмандон ёрӣ мерасонад.

Нӯъмонхон Ҳасанов, роҳбари ин марказ, таърихи  созмон ёфтани марказро шарҳ дода гуфт, ки ӯ бо мақсади ташкили нуқтаи хайру эҳсон ба раиси вақти шаҳр Раҷаббой Аҳмадзода мактуб навиштааст. Баъдан, бо дастгирии шаҳрдор 7-уми апрели соли 2016 ин нуқтаи хайру эҳсонро кушодаанд. Ба гуфти ӯ, даъват ба хайру савоб одамонро бе тараф нагузошт, хайрхоҳон худашон либосҳоро шуста, пойафзолро ба тартиб дароварда, асбобу анҷоми зиёдатии оилаашонро дастрас карданд.

— Айни ҳол бо мақсади таъсиси маркази дуюми “Эҳсон” ба иҷрокунандаи вазифаи раис шаҳр Фирдавс Шарифзода муроҷиат кардам, ки ҳозир масъала бояд ҳал шавад. Барои сохтани рафҳо, либосовезакҳо, харҷи қувваи барк, таблиғ аз ҳисоби худам сарф мекунам. То ҳол ҳеҷ кас моро дар ин самт дастгирӣ накардааст, — афзуд Нӯъмонхон Ҳасанов.

Ризокори маркази хайриявии “Эҳсон” Муҳаббат Амонзода гуфт, ки пас аз баста шудани дари масҷидҳо, хусусан, “Нури ислом”, ки дар наздикии марказ аст, хайри саховатмандон хеле кам шудааст.

— Пеш аз хурӯҷи вирус саховатмандон равғану озуқа меоварданд. Акнун, масҷид, ки баста аст, хайрот кам шудааст. Аз ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Намаки Ашт» ҳамчун хайрия ҳар моҳ 100 баста намак медиҳанд. Ҳар рӯз ба 4-5 нафар якбастаӣ намак ҳадя мекунем. Мо бисёртар ба сару либос кор дорем. Бештар, тоҷирон он либосҳое, ки аз фурӯш мондаанд, меоранд. Мо ба мӯҳтоҷон дар як вақт то 2-3 дибос дода метавонем, — гуфт ризокор Муҳаббат Амонзода.

Қаҳрамони мо Зулфияапа низ аз ин марказ фоида дидааст. Ӯ мегӯяд: “Барои либосгирӣ ба маркази хайриявии “Эҳсон” меравам. Либосҳои кӯдакона мегирам, ки бачаҳоям ҳам дар хонаву ҳам дар кӯча мепӯшанд. Барои худам низ либоси мувофиқ мегирам.  Як-ду бор намак ҳам гирифта будам”. Раҳимамак низ хурсандона гуфт, ки чарминаву куртаҳои ғафсу гарми аз ин марказ гирифтааш ҳузури ҷонаш аст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here