Чин, Эрон ва Русия аз кишварҳое ном бурда мешаванд, ки дар соли ҷорӣ бештар ба Тоҷикистон маҳсулоти пастсифату мӯҳлати истеъмолашон гузаштаро интиқол кардаанд. Дар ин бора шабакаи телевизионии СМ-1 дар маркази вилояти Суғд бо истинод ба маълумоти Тоҷикстандарт хабар дод.
Бино ба иттилои ин шабака маркази Тоҷикстандарт дар вилояти Суғд гуфтааст, тақрибан 52 ҳазор кг маҳсулоти пастсифат ва ё мӯҳлати истеъмолашон гузаштаро ошкор сохтааст, ки асосан ба ин се кишвар тааллуқ доранд. Сардори Хадамоти матбуоти маркази Тоҷикстандарт дар вилояти Суғд Маҳкамбой Каримов, дар семинаре, ки аз ҳуқуқи истеъмолкунандагон ҳимоят мекард дар ин бора иттилоъ додааст. Ӯ гуфтааст, ин маҳсулот аз қабили хӯроквориву масолеҳи сохтмонӣ буда, бино ба меъёрҳои муайянгардидаи стандарт ҷавобгӯй набудан аз фурӯш боздошта шудаанд. Дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ Тоҷикстандарт санҷиши 488 маҳсулоти хӯроквориро анҷом додааст, ки 166 номгӯи он ба меъёр ҷавобгӯ набудааст.