Прокурори генералии Тоҷикистон Раҳмон Юсуф Аҳмадзод гуфт, аз фирор кардани корманди милисаи ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон Маҳмадулло Идиев аз Тоҷикистон, ки дар марги сокини ноҳияи Шаҳритус Толибҷон Дӯстов айбдор карда мешуд, огоҳӣ дорад, аммо аз он ки чаро дар кофтукови ҷиноятӣ нест, изҳори бехабарӣ кард.

Ӯ иброз дошт, ки масъалаи мазкур санҷида мешавад. Дар сурати вуҷуд надоштани парвандаи кофтуковӣ нисбат ба Идиев ҳатман парвандаи кофтуковӣ эълон карда мешавад ва масъалаи дастгир кардани ӯ дида мешавад.

Ҳодиса се сол қабл рух додааст. Моҳи июли соли 2017 Толибҷон Дӯстов бо гумони даст доштан дар қочоқи маводи мухаддир аз ҷониби кормандони шуъбаи мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири ШВКД-и ноҳияи Дӯстӣ, дар яке аз тарабхонаҳои ноҳияи Шаҳритус боздошт карда шуд. Наздикони ӯ даъво карданд, ки Дӯстов дар пайи латукӯби кормандони милиса ҷон додааст, аммо он замон мақомот иллати марги Толибҷон Дӯстовро сактаи қалб унвон карда буданд. Наздикони марҳум Толибоҷон Дӯстов ба Прокуратураи генералии Тоҷикистон шикоят бурда, талаб карданд, ки нисбат ба кормандони милиса парвандаи ҷиноятӣ боз шавад. Охирҳои моҳи декабри соли 2017 Прокуратураи генералии Чумҳурии Тоҷикистон нисбати корманди ШКВД-и ноҳияи Дӯстӣ Идиев Маҳмадулло, ки дар боздошти Дӯстов ширкат доштааст, бо моддаи 316, қисми 3, банди “а”-и КҶ ҶТ (“Берун баромадан аз ҳадди ваколатҳои хизматӣ”) айб эълон кард ва парвандаро барои баррасӣ ба суди вилояти Хатлон фиристод. Замони таҳқиқ ва баррасии парванда айдоршаванда Идиев М., тибқи забонхати берун набаромадан аз ҷои истиқомат, дар озодӣ қарор дошт.

Баъд аз он ки айдоркунандаи давлатӣ Идиев Маҳмадуллоро дар марги Дӯстов Толиибҷони 50-сола гунаҳгор дониста, барои ӯ 9 соли маҳрумият аз озодиро дар суд талаб кард, айбдоршаванда ғайб зад ва то ҳануз макони будубоши ӯ номаълум аст.

Дар акс Толибҷон Дӯстов

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here