Чанд рӯзи охир, баланд шудани нархи картошка дар фурӯшгоҳҳои шаҳри Душанбе, нигаронии сокинонро ба миён овард.

Баландшавии нархи картошка дар пойтахт дар ҳоле аст, ки моҳи гузашта, сару садоҳо атрофи таҷлили рӯзи картошка баланд шуда буданд. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни вохӯрии худ бо намояндаи Академияи илмҳои Белорус Александр Таранов,  рӯзи 18-уми феврал, масъалаи рушди боғу токпарварӣ,самти инкишофи картошкапарварии шаҳру ноҳияҳои вилоятро баррасӣ карда, аз бори аввал ба таври шоиста ҷашн гирифтани иди картошка, ёдовар шуд.

Маркази савдои “Вориси Сомон”, воқеъ дар маҳаллаи Гипроземи ноҳияи Сино, бузургтарин фурӯшгоҳи маҳсулоти яклухти кишоварзӣ — картошка, сабзӣ ва пиёз дар шаҳри Душанбе ба ҳисоб рафта  ҳамарӯза ба ин бозор миқдори зиёди маҳсулот ворид мегардад. Директори Маркази савдои “Вориси Сомон” Рустамзода Алиҷон дар сӯҳбат ба вебгоҳи хабарии Faraj.tj сабаби болоравии нархи картошкаро ба баста шудани роҳҳо ва бо мушкил равуо кардани нақлиёти гаронвазн ба шаҳру ноҳияҳои картошкапарвари кишвар – Деваштич, Кӯҳистони Мастчоҳ, Шаҳристон, Лахш ва Файзобод марбут донист.

— Ду моҳ қабл нархи 1 килограмм картошка 2 сомону 70 дирам буд. Бо баста шудани роҳҳо арзиши 1 килограмми ҳамин навъи маҳсулот, 3 сомониву 80 дирам шуд, — гуфт Рустамзода Алиҷон. — Панҷ рӯз қабл  аз Ҷумҳурии исломии Покистон 600 тонна картошка ба кишвар ворид гардид, ки нархи онро то андозае ба танзим даровард. Ҳоло нархи картошка 3 сомониву 50 дирам мебошад.

Ба иттилои фурӯшандаҳои КВД “Бозори деҳқон”, бо вуҷуди баланд шудани арзиши картошка, талаботи мардум ба он коҳиш наёфтааст.

Соҳибкори инфиродии КВД “Бозори деҳқон” Сафаралӣ Алиев дар растаи сабзавотфурӯшон ба фурӯши картошка машғул буда, дар сӯҳбат гуфт, ки соҳибкори инфиродӣ асту сабаби баландшавии нархи картошкаро намедонад.

— Шояд тамомшавии захираи он бошад. Бо вуҷуди ин, мардум бо нархи 4 сомонӣ картошкаро мехаранд. Талабот ба он коҳиш наёфтааст, — гуфт ӯ.

Дар ҳамин ҳол, сокинон ба он боваранд, ки таҷлили ҷашни картошка метавонад, ба рушд ва инкишофи ин маҳсулот мусоидат кунад. Ҳамзамон, умед доранд, ки фаровонҳосилӣ боиси арзоншавии картошка мегардад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here