Нависандаи тоҷик Қодири Рустам, ки пажуҳишгари осори Абӯабдулло Рӯдакӣ асту «Девон»-и шоирро ба нашр расондааст, хабар дод, ки се байти нав аз Устод Рӯдакӣ ёфт шудааст.

Қодири Рустам дар саҳифаи фейсбуки худ навишт, ки донишмандони эронӣ Заҳро Насиришироз, Насруллоҳи Имомӣ ва Саҷҷоди Деҳқон устод ва устодёрони забону адабиёти форсии Донишгоҳи Аҳвози Ҷумҳурии Исломии Эрон аз луғатномае се байти тозаи устод Рӯдакиро пайдо ва онро зимни мақолае ба таваҷҷуҳи муҳаққиқон ва дӯстдорони адаб ироа додаанд.

Мақолаи эшон ба номи “Баррасии абёти тоза ва мансуб ба Рӯдакии Самарқандӣ дар фарҳанги “Луғати Ҳалимӣ” (Шарҳи “Баҳр-ул-ғароиб”) дар маҷаллаи “Матншиносии адаби форсӣ” (1397, шумораи 4 (40) чоп шудааст.

Бояд гуфт фарҳанги “Луғати Ҳалимӣ” фарҳанги дузабонаи форсӣ ба туркӣ буда, дар ҳудуди асри 9 ҳиҷрии қамарӣ (15 мелодӣ) ба риштаи таҳрир даромадааст. Муаллиф вожаҳои форсиро ба забони туркӣ шарҳ дода, баъд ашъори шоирони форсизабонро ба шоҳид овардааст. Дар ин луғат (чунонки дар фарҳангҳои форсии дигар низ) ашъори Рӯдакӣ фаровон истифода шудааст. Зимнан, бояд таъкид кард, ки ин фарҳанг низ аз маъохизи устод Саиди Нафисӣ будааст, вале зоҳиран эшон аз нусхаи ноқисе аз ин луғат истифода бурдаанд, чун се байти тозаеро, ки танҳо дар ин луғат дида мешавад, дар китоби хеш наёвардаанд.

Муаллифони мақола, ду нусхаи ин луғатро, ки дар китобхонаи миллии Эрон ва китобхонаи Маҷлис нигаҳдорӣ мешавад, ҳамчунин фарҳанги Шуъуриро , ки низ фарҳанги туркӣ ба форсӣ буда, аз фарҳанги “Луғати Ҳалимӣ” таъсир гирифтааст, баррасӣ кардаанд.

Инак се байти навёфтаи Рӯдакӣ, ки дар ин фарҳангҳо омадааст ва дар ҳеч маъхази дигаре дида намешавад:

 

Мар маро дар банди ғам созад асир,

Чун зи пича бозгирад пичабанд.

 

Лозим ба таъкид аст, ки дар асли фарҳанг вожаҳои “пича” ва “пичабанд” ба гунаи “пунҷа” ва “пунҷабанд” омада, ва “пунҷа” ба маънии “пешонӣ” шарҳ шудааст ва муаллифони мақола бо барқарор кардани асли ин калимаҳо онро ба гунаи дуруст сабт кардаанд. Азбаски “пича” ва “пичабанд” вожаҳои хоси форсии мовароуннаҳрӣ будаанд (ки ба яке аз маъноҳояш имрӯз низ дар миёни тоҷикон роиҷ аст) бештари фарҳангҳои форсӣ ин калимаҳоро ба шаклҳои ғалати “пунҷа” ё “пунча” овардаанд.

 

Байти дувум дар нусхаи Маҷлис ба сурати

 

Нахусб, кун сипарӣ кори он ҷаҳони дигар,

Зи пеши он ки кунад марг умри ту сипарӣ.

 

омада, вале дар нусхаи Китобхонаи миллӣ мисраи аввал ба гунаи

Махусбу кун сипарӣ кори он ҷаҳони дигар

омада, ки низ боиси тааммул аст.

 

Ва муаллифони мақола ҳадс задаанд, шояд калимаи аввали байт “нахуст” бошад, ки ба фикри мо чунин нест ва ҳамон “нахусб”-у “махусб” афзалтар менамояд.

Байти севум, ки зайли вожаи “навард” ба маънои “дархуранда” (сазовор, писандида) омада, ин аст:

 

Хоҷа аз меҳтарон наварди ман аст,

Ҳамчунон шеъри ман ба дил-ш навард.

 

Ҳамчунин дар ин луғат байтҳое ҳастанд, ки дар фарҳангҳои дигар ба шоирони дигар мансубанд ва дар ин ҷо ба номи Рӯдакӣ забт шудаанд, ва низ байтҳое мавҷуданд, ки дар соири фарҳангҳо ба номи Рӯдакӣ омада, дар ин луғат ба номи шоирони дигар забт шудаанд.

Ва низ байтҳое аз Рӯдакӣ дар ин луғат бо ривоятҳои дигаргуна омадаанд, ки чун баҳси ихтисосӣ аст аз шарҳи онҳо худдорӣ кардем.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here